Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи СҲШ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар шаҳри Бишкек ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон хабар доданд.
Дар ҷараёни ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди ҳамкории сайёҳӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин табодули назар оид ба густариши иқтидори сайёҳии давлатҳои аъзо ва рушди шаклҳои устувори сайёҳиро баррасӣ намуданд.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон иброз дошт, ки рушди ҳамкории сайёҳӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай омили муҳими таҳкими эътимоди мутақобил, густариши робитаҳои гуманитарӣ ва рушди устувори ҳамкории иқтисодӣ дар минтақа мебошад. Дар ин замина зарурати гузариш ба шаклҳои амалии ҳамкорӣ махсусан таъкид гардид.
Ҷониби Тоҷикистон инчунин аз тавсеаи минбаъдаи ҳамкории амалӣ ҷонибдорӣ намуда, рушди хатсайрҳои сайёҳии фаромарзӣ, пешбурди фазои ягонаи сайёҳии Созмони ҳамкории Шанхай, густариши ҳамкории бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, инчунин рушди сайёҳии устувор ва кӯҳнавардиро муҳим арзёбӣ кард.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон иштирокчиёнро ба Форуми байналмилалии сайёҳӣ ва намоишгоҳи «Хатлон — сарзамини анъанаҳо ва сайёҳӣ», ки 4–5 июни соли 2026 дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, инчунин ба Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (DITE), ки ҳар сол моҳи сентябр доир мегардад, даъват намуд.
Дар доираи ҷаласа мулоқот бо ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид. Зимни он ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи сайёҳиро баррасӣ намуданд.
Дар натиҷа Протоколи ҷаласаи роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон








Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






