РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Сеул нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд

Апрель 16, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея оид ба омодагӣ ба баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки  аз 25 то 28 майи 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, брифинг доир шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд, дар нишасти матбуотӣ воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат, инчунин Маркази байналмилалии ЮНЕСКО оид ба амнияти об ва мудирияти устувор иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром вобаста ба «Раванди оби Душанбе» сухан намуда, аҳамияти ин чорабинии муҳимро дар ҷараёни омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 ва Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 таъкид кард.

Аз ҷониби роҳбари намояндагӣ оид ба ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Ҳамчунин баргузории ҷаласаҳои мавзуӣ, чорабиниҳои канорӣ, форумҳо, намоишгоҳ ва барномаҳои фарҳангӣ  дар доираи ин конфронс таъкид карда шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея

Апрель 16, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд