Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Шоҳмурод Рустам бо Сафири Ҷумҳурии Туркия Умут Аҷар вохӯрӣ намуд.
Шоҳмурод Рустам изҳор дошт, ки ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия давоми 34 сол бо ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии давлатҳоямон- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган рушд меёбанд.
Иброз гардид, ки давоми ин муддат байни Тоҷикистон ва Туркия заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд, ки беш аз 80 санади муҳимро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳанг дар бар мегирад.
Таъкид карда шуд, ки яке аз самтҳои калидӣ ва меҳварии ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Туркия робитаҳои байнипарламентӣ маҳсуб мешаванд. Гурӯҳи дӯстии байнипарламентӣ фаъол буда, аз соли 2000 амал менамояд.
Ҳамзамон иброз гардид, ки мавқеи Тоҷикистон ва Туркия нисбат ба масъалаҳои умдаи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ наздик буда, дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди байнипарламентӣ, Созмони ҳамкории исломӣ бо назардошти манфиати мутақобили судманди тарафҳо ташаббусҳои ҳамдигарро ҷонибдорӣ менамоянд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






