СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд

Апрель 9, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ барои садҳо гектар заминҳои қобили кишоварзӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар доданд, бо саҳми сокини деҳаи Вотаи ҷамоати Урметани ноҳия Мирзобедил Маизов  бо маблағи 350 ҳазор сомонӣ дар масофаи беш аз 1 км аз дарёи Зарафшон бо насби технологияи пешрафта пойгоҳи обкашӣ бунёд карда шуд, ки  тавассути он  садҳо гектар заминҳои лалмию бекорхобида бо оби полезӣ таъмин карда мешавад.

Бунёди чунин пойгоҳи обкашӣ, пеш аз ҳама, ба татбиқи босамари Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим, рушди соҳаи кишоварзӣ, ҳифзи амнияти экологӣ, ҳимояи экосистемаи табиӣ, мубориза бо таъсири тағйирёбии иқлим, бунёди боғҳои интенсивию анъанавӣ ва рушди соҳаи картошкапарварӣ равона гардидааст.

Пойгоҳи дуюми обкашӣ дар қисмати дигари деҳаи Вота аз ҷониби аҳолӣ ба таври дастҷамъона бунёд гардидааст. Тавассути он  дар масофаи 700 метр аз дарёи Зарафшон оби полезӣ бароварда шуда, он имрӯз мавриди истифодаи боғдорон ва кишоварзон қарор гирифтааст.

Аз ин пас сокинони маҳал бе мушкилӣ аз ин пойгоҳҳои обкашӣ барои рушди ҳадафҳои кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ истифода мебаранд.

Иқдоми бунёди чунин пойгоҳҳои обкашӣ, ки дар он саҳми ҷомеа, сокинони саодатманду ободгари деҳаи Вота хеле бузург аст,  намунаи воқеии  ҷонибдории сокинони маҳал аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Апрель 9, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд