САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд

Апрель 16, 2026 16:45

ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Сайёҳӣ яке аз бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ маҳсуб шуда, имкон дорад ҳамчун муҳаррики рушди иқтисодӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва муаррифи фарҳангу тамаддуни миллӣ дар арсаи байналмилалӣ хизмат намояд. Чунин иброз намуд Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар конфронси байналмилалие, ки таҳти унвони «Сайёҳӣ ҳамчун муҳаррики рушди устувор: таҷрибаи миллӣ ва байналмилалӣ» 16 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар конфронси байналмилалӣ  намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои марбута, инчунин коршиносон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ иштирок намуданд.

Баррасии нақши соҳаи сайёҳӣ дар таъмини рушди устувор, табодули таҷрибаи пешқадам ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ аз ҳадафҳои асосии конфронси байналмилалӣ арзёбӣ гардид.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иброз намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои рақамӣ истифодаи равишҳои инноватсионӣ дар идоракунии соҳаи сайёҳӣ, рушди инфрасохтори муосир ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ аҳамияти калидӣ доранд.

Дар конфронси байналмилалӣ ҳамзамон таваҷҷуҳ ба рушди сайёҳии «сабз», ҳифзи захираҳои табиӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо ҳамчун омили муҳими таъмини рушди устувор таъкид карда шуд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Апрель 16, 2026 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид