Самтҳои афзалиятноки татбиқи марҳилаи нави Барномаи БОМКА-11 баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Гурӯҳи роҳбарикунандаи миллии Барномаи мусоидат ба идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА-11) баргузор гардид. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Барномаи БОМКА, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад, давоми беш аз аз ду даҳсола ҳамчун яке аз ташаббусҳои муҳими минтақавӣ барои таҳкими амният, рушди ҳамгироии идоракунии сарҳадот ва мусоидат ба тиҷорати расмӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ муаррифӣ гардидааст.
Марҳилаи нави барнома — БОМКА-11 ба таҳкими минбаъдаи иқтидори институтсионалӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва густариши ҳамкории минтақавӣ равона карда шудааст.
Дар ҷаласа намояндагони Хадамоти гумрук иброз намуданд, ки дар доираи марҳилаи қаблии барнома — БОМКА-10 ҳамкории судманд ва самарабахш амалӣ шуда, натиҷаҳои назаррас дар самти таҳкими иқтидори мақомоти гумрук ба даст омаданд.
Аз ҷумла, якчанд тадбирҳо барои рушди заминаи институтсионалӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаҳои пешқадам дар соҳаи идоракунии гумрукӣ амалӣ гардиданд.
Дар ҷаласа таваҷҷуҳи махсус ба такмили расмиёти гумрукӣ, аз ҷумла рушди низомҳои электронии коркарди ҳуҷҷатҳо ва беҳтар намудани амалиёти транзитӣ равона гардид.
Яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ рушди иқтидори кадрӣ ба ҳисоб меравад. Кормандони мақомоти гумрук дар чорабиниҳои омӯзишии миллӣ ва минтақавӣ иштирок намуда, дониш ва малакаҳои касбиро такмил доданд. Ин ба татбиқи усулҳои муосир дар фаъолияти гумрукӣ мусоидат намуд.
Илова бар ин, дар доираи барномаи БОМКА барои таҷдиди заминаи моддию техникии мақомоти гумрук кумаки назарраси техникӣ расонида шуд. Аз ҷумла, таҷҳизоти муосире, чун дастгоҳҳои сайёри рентгенӣ ва низоми таълими фосилавӣ ба Хадамоти гумрук дастрас гардид, ки самаранокии назорати гумрукӣ, мубориза бо қочоқ ва дигар ҷиноятҳои фаромарзӣ, инчунин сатҳу сифати таълими фосилавиро баланд бардоштанд.
Инчунин дар ҷаласа самтҳои афзалиятноки татбиқи марҳилаи нави барнома — БОМКА-11, аз ҷумла таҳкими бехатарӣ ва суботи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ, рушди босуботи иқтисодӣ тавассути ҳамгироии идоракунии сарҳадот, тақвияти ҳамкории фаромарзӣ ва беҳтар намудани зисти аҳолӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.
Дар доираи вохӯриҳои соҳавӣ намояндагони Хадамоти гумрук пешниҳодҳои мушаххасро вобаста ба дурнамои рушди ҳамкории минбаъда, аз ҷумла дар самтҳои рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон ва таҷдиди инфрасохтори гумрукӣ манзур намуданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






