Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумат ба масъулон барои коҳиши фоизи қарзҳо ва рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дастур доданд
ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, Сарвари давлат ба масъулон барои бартараф намудани камбудиҳои дар семоҳаи якуми соли 2026 дар фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла дастур дода шуд, ки барои паст намудани фоизи қарзҳо, беҳтар кардани дастрасии соҳибкорон ба захираҳои молиявӣ, тамдиди муҳлати қарздиҳӣ ва афзоиши маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, бахусус, истеҳсолоти ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти дахлдорро вазифадор намуданд, ки барои густариши пардохтҳои ғайринақдӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи воситаҳои электронии пардохт ва ҷорӣ кардани низоми ягонаи пардохт дар тамоми минтақаҳои кишвар, бахусус, дар ноҳияҳои дурдаст чораҳои қатъӣ андешанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






