Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд
ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири идомаи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар самти рушди босуръати соҳаи саноати кишвар ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки Муосир оғози расмӣ бахшиданд.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2024 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо оғози корҳои сохтмонӣ дар ин ҷамъият шинос шуда, ба талошҳои ҷавонмардони ватандӯст баҳри пешрафту шукуфоии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои арзанда дода буданд.
Имрӯз барои идомаи бунёдкорӣ ва ба роҳ мондани занҷираи арзиши иловашуда, корхонаи нави маҳсулоти саноатии марҳилаи дуюм бунёд ёфт.
Фаъолияти корхонаи саноатӣ пурра тариқи технологияи замонавӣ ба роҳ монда шуда, раванди истеҳсолот тариқи маркази идоракунии рақамӣ пурра тавассути мониторҳои насбшаванда назорат ва идора карда мешавад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи муштараки Муосир бо беш аз 18 намуд таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 20 ҳазор тонна маҳсулоти ниҳоиро ташкил медиҳад.
Ашёи хом ба корхона аз дохил ва хориҷи кишвар дастрас мегардад. Ҳоло дар корхонаи муштараки Муосир якчанд намуд маҳсулот барои кандани нақбҳо, истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, бунёди роҳҳо ва кофтани чоҳҳои амудӣ истеҳсол карда мешавад.
Маҳсулоти корхонаи муштарак дар кишварҳои минтақа низ маъруф буда, дар ҳаҷми намоён содир карда мешавад.
Ҳоло дар ин корхонаи саноатӣ зиёда аз 170 корманд бо кори доимӣ машғул буда, 90 дарсади онро мутахассисону коргарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Мутахассисони корхона дорои ихтисоси баланд буда, фаъолияти кории онҳо мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Барои такмил додани маҳорати касбии кормандон дар корхонаи муштараки Муосир синфхонаи таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд аст. Дар ин синфхона кормандон бо ҷалби мутахассисони дорои тахассуси баланд аз курси омӯзишӣ гузаронида мешаванд.
Бо шинондани дарахтони ороишии ҳамешасабз ва гулу буттаҳо атрофи корхонаи мазкур ва шафати роҳравҳо сабзу хуррам карда шудаааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи саноатӣ, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорони ватандӯсту ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд гардидааст, нақши онро дар татбиқи ҳадафи стратегии кишвар гузариш аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ муҳиму зарурӣ арзёбӣ карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид






