Се ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳо хориҷ карда шуд

Апрель 24, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи Аврупо дар доираи қарори худ аз 23 апрели соли 2026, ки ба бастаи 20-уми таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо марбут аст, се ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон, аз ҷумла ҶСП «Спитамен Бонк», ҶСП «Душанбе Сити Бонк» ва ҶСК «Коммерсбонки Тоҷикистон»-ро, ки қаблан дар бастаи 19-уми маҳдудиятҳо қарор доштанд, аз рӯйхати таҳримҳо хориҷ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Ин тасмим натиҷаи мустақими густариши ҳамкории мақоми танзимгар ва вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон бо Комиссияи Аврупо, татбиқи пайгиронаи стандартҳои байналмилалии комплаенс ва таҳкими низоми мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада арзёбӣ мегардад.

Иқдоми мазкур ба рушди минбаъдаи низоми бонкӣ, афзоиши эътимоди сармоягузорон ва тавсеаи хизматрасониҳои молиявӣ дар кишвар такони мусбат мебахшад.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ ба татбиқи ислоҳот, баланд бардоштани шаффофият, тақвияти низоми назорати дохилӣ ва таъмини мутобиқати фаъолияти низоми бонкӣ ба стандартҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

 АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 24, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд