««ШОҲНОМА»-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир шуд

Апрель 30, 2026 16:14

КӮЛОБ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба иқдоми хирадмандонаю фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нашр ва ба ҳар  хонадони тоҷик ҳамчун туҳфа тақдим намудани «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии ««Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ» доир гардид.

Иштирокчиёни конфронс сараввал бо намоиши асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, осори илмию бадеӣ ва таълифоти олимону донишмандон, ҳамчунин устодону кормандони донишгоҳ шинос шуданд.

Ректори донишгоҳ Мунир Сафарзода иброз дошт, ки илму маърифат ҳамчун пояи асосии ташаккули ҳаёт инсонро ба дарки амиқи воқеият, худшиносӣ ва ҳалли мушкилоти зиндагӣ роҳнамоӣ намуда, дар тамоми давраҳои таърих омили асосии шукуфоии тамаддунҳо ва пешрафти ҷомеа мебошад.

Дар даврони истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба мероси илмию адабӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ ба самти муҳими давлатдорӣ табдил ёфта, ҳамчун заминаи таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди устувори ҷомеа хизмат менамояд.

Боиси ифтихор аст, ки дар саргаҳи ин иқдоми ватандӯстона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо осори арзишмандашон, аз ҷумла «Тоҷикон. Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ва «Чеҳраҳои мондагор» саҳифаҳои пурифтихори таърихи миллатро равшан намудаанд. Дар баробари ин таваҷҷуҳ ба мероси гаронбаҳои адабӣ ва таърихӣ боис гардид, ки симои абармардони фарҳангу тамаддуни тоҷик эҳё ва арҷгузорӣ шавад.

Дар идомаи ҳамин сиёсати фарҳангӣ иқдоми нашр ва дастраси ҳар  хонавода гардонидани «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчун падидаи нодири маърифатӣ амалӣ гардида, ба таҳкими худшиносӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва боло бурдани сатҳи маънавии ҷомеа, бахусус дар соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон заминаи устувор мегузорад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Апрель 30, 2026 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд