«Shohin Airlines» 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» мехарад
ДУШАНБЕ, 18.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» тасмим гирифтааст, ки 4 ҳавопаймои силсилаи «Airbus A320neo» харидорӣ намояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines».
Тибқи хабари манбаъ, дар вохӯрии роҳбарияти «Shohin Airlines» ва «Airbus» густариши минбаъдаи ҳамкорӣ баррасӣ гардид. Вохӯрӣ идомаи муколамаи қаблан дар Тулуза дар аввали сол оғозшуда мебошад, ки дар натиҷаи он барои харидани 2 ҳавопаймои A320neo ва 2 ҳавопаймои A321neo Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Санади мазкур барои таҳкими шарикӣ ва муайян кардани самтҳои асосии ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
«Shohin Airlines» ва «Airbus» ҳамкории мутақобили судмандро таҳким мебахшанд ва дар айни замон ҳамкории тарафҳо тамоюли рушди устувор касб менамояд. Раванди музокирот оид ба харидории ҳавопаймоҳо дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад ва тавре интизор меравад, татбиқи созишномаҳои бадастомада иқдоми муҳим дар самти тавсеаи парки ҳавопаймоии ширкати ҳавопаймоӣ ва мустаҳкам кардани мавқеи он дар бозори интиқолоти ҳавоӣ хоҳад буд.
«Shohin Airlines» ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ба рушди авиатсияи граждании ватанӣ, тавсеаи интиқолоти ҳавоии минтақавию байналмилалӣ нигаронида шудааст. Дар айни замон ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои фармоиширо тавассути чархболҳо анҷом медиҳад. Ширкат ҳамчунин бо истеҳсолкунандагони пешбари ҳавопаймоҳо музокирот бурда, дурнамои рушди мусофиркашонии тиҷоратию боркашонӣ ва бизнес-авиатсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
АКС: «Shohin Airlines»








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






