Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд

Апрель 10, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /ААМИТ «Ховар»/. 10 апрел дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Таалатбек Масадиқов баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот оид ба масъалаҳои муҳими таъмини амнияти минтақавӣ дар шароити хатару таҳдидҳои афзоянда табодули афкори судманд доир шуд.

Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамоҳангсозии талошҳо дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ҳамчунин тақвияти механизмҳои вокуниши дастҷамъона зоҳир карда шуд.

Дар анҷом ҳамраъйии мутақобил барои идомаи муколамаи созанда ва тақвияти ҳамкории амалӣ байни ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ ва дигар мақомоти дахлдор тасдиқ гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 10, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»