Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои Вазири корҳои хориҷии ИДМ иштирок намуд

Апрель 17, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 17.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин иштирок кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии кишварҳои Иттиҳод оид ба мавзуъҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуда, дурнамои ҳамкорӣ дар доираи ИДМ-ро баррасӣ карданд.

Таваҷҷуҳи хоса ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, густариши ҳамкории иқтисодӣ ва тавсеаи робитаҳои гуманитарию фарҳангӣ миёни давлатҳои Иттиҳод зоҳир гардид.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар заминаи таҳкими ҳамкории гуманитарӣ пешниҳод кард, ки истеҳсол ва намоиши васеи филмҳои инъикосгари саҳми муштарак ва қаҳрамонии ҳамаи мардумони кишварҳои Иттиҳод дар пирӯзӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ фаъол роҳандозӣ шавад.

Аз натиҷаи нишасти вазирони корҳои хориҷӣ якчанд қарорҳои марбут ба тақвият ва рушди мунтазами ҳамкории бисёрҷанба байни кишварҳои ИДМ қабул шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 17, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард