СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
ДУШАНБЕ, 18.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Чун имрӯз — Рӯзи пойтахт аст, месазад, ки аз зебоиҳои ин боғшаҳри нозанин такрор ба такрор ёдовар шавем. Душанбеи нав на танҳо шаҳри дӯстдошта ва ифтихори тоҷикон, балки макони писандидаи меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ гардидааст. Чанд соли охир Душанбе мизбони чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ гардида, нуфузаш дар байни шаҳрҳои минтақа ба маротиб боло рафтааст.
— Ҳақ ба ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки иброз доштаанд: «агар шахс аз падару модар ва бузургони гузаштаи худ ифтихор дошта бошад, он гоҳ ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии комил дорад, ки бо номи Ватан ва пойтахти он — шаҳри Душанбе ифтихор кунад. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад».
Ин дурдонагуфтори Пешвои муаззами миллат намунаи олии баҳогузории шинохти арзишҳои баланди таърихи деринаи миллат буда, ҳар яки моро ба раванди афзун бахшидани тадбирҳои нав ба нави созандагӣ ба шинохти умедсаройи тоҷикони ҷаҳон – шаҳри Душанбе ҳидоят месозад.
Дар шароити имрӯзи Истиқлоли давлатӣ низ Душанбе чун пойтахти миллати тоҷик бори фарҳанг ва маънавиёти ҷомеаро бар дӯш дорад. Душанбе имрӯз ҳам фарҳангиёнро аз ҳар гӯшаву канор гирдогирдаш ҷамъ месозад ва чун модари бузургвор дар доманаш парвариш намуда, ҳамқадам бо зиндагии инсонӣ бори масъулият мекашад.
Махсусан, шаҳрдори ҷавони пойтахт муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо расидан ба мансаби шаҳрдорӣ пойтахтро ба мегаполис табдил додаанд. Имрӯз Душанбе бо бузургтарин шаҳрҳои минтақавию ҷаҳонӣ аҳди бародаршаҳрӣ дошта, дар рушду тараққиёти ҷумҳурӣ ва ҳамбастагии миллӣ саҳми муносиб мегузорад. Гузашта аз ин, ҷашни пойтахти азизамон ба ҷашни умумимиллӣ табдил ёфта, ҳамасола бо шукуҳи хосса баргузор мегардад.
Боиси ифтихори бузург аст, ки шаҳри Душанбе дар муҳлати кӯтоҳи таърихӣ симояшро комилан дигаргун намуда, ба сифати яке аз шаҳрҳои рӯ ба инкишоф мавқеъ ва нуфузашро на танҳо дар сатҳи минтақа, балки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯз аз рӯз устувортару намоёнтар мегардонад.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки давоми солҳои 2017 — 2026 пойтахти Тоҷикистон мизбони якчанд ҳамоиши байналмилалӣ ва конфронсҳои сатҳи баланди созмонҳои бонуфуз гардид.
Дар ин самт низ давоми нуҳ соли сипаригардида Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, барои рушду нумуи иқтисодиёти мамлакат ва ба зиндагии шоиста расидани мардуми шарифи Тоҷикистон якчанд қарору қонунҳо, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва шартномаҳои байналмилалиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, қабул намудаанд.
Ҳамин тариқ, ин ҷавони донишманду соҳибкасб ва бомаърифату инсондӯст дар давраи амали худ барои ба фаъолият шуруъ намудани даҳҳо иншооти иҷтимоию маишӣ, аз қабили мактабу кӯдакистон, муассисаҳои гуногуни тиббию тандурустӣ, толору майдончаҳои варзишӣ бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ саҳми арзанда гузошта, ҷавҳари асосӣ, кафолату нишони возеҳи рушд ва торафт беҳтар шудани шароити зиндагии сокинони пойтахти азизамон гардида, дар умқи дили сокинони мамлакат мақоми хос пайдо кардааст.
Дар ҳақиқат, аз иродаву матонат ва малакаву фитрати устувори шаҳрдори ҷавон метавон хулоса баровард, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузу мартабаи пойтахти азизамон тавассути иқдоми созандаашон тадбирҳои зарурӣ андешида, шароити мусоиди қиёснопазири зистро дар ояндаи начандон зиёди вақт барои шаҳрвандонаш фароҳам хоҳанд овард.
Бо таваҷҷуҳ ба истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи бомароми нақшаҳои мавҷуда бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, коргоҳҳои саноатӣ, таъмиру навсозии роҳҳо, эстакадаҳо ва инфрасохтори муосири хизматрасонӣ боиси рушди суръатноки маҳсулоти сифатнок ва шинохти мақоми волои пойтахти азизамон гардида, рӯз аз рӯз ин маҷро раванди тоза касб менамояд.
Бо таваҷҷуҳ ба нуктаву далелҳои мавҷуда ва татбиқи босамари нақшаҳои пешбинишуда илова намудан бамаврид аст, ки имрӯзҳо дар партави дастуру супоришҳои созандаи Пешвои миллатамон ва назари бохирадонаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маркази тамаддуни тоҷикон симояшро комилан дигаргун намуда, тамошогоҳ ва макони сайру саёҳати шумораи зиёди хориҷиён гардидааст.
Дар умум, маҷмуи зиёди иншооту биноҳои бо риояи санъати баланди меъмории миллию муосир бунёдгардида, боғу гулгаштҳо, майдонҳои сабз, муассисаҳои фарҳангию илмии замонавӣ ва таҷдиду навсозии хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе маҳсули тозакориҳои босамари шаҳрдори ҷавон муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад.
Бигзор шаҳри Душанбе ҳамеша дар роҳи ободонӣ, сулҳ ва рушди устувори Тоҷикистон пешсафу парчамбардор бошад ва барои наслҳои оянда чун намунаи шаҳри сулҳу субот, ваҳдати тоҷикон ва дӯстдоштанӣ боқӣ бимонад!
Зоир РАҲМОНЗОДА,
ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ








Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
АЗ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ТО ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Марҳилаи нави ислоҳоти давлатӣ
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






