Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар шаҳри Хуҷанд 6 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ба маблағи 36,5 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад.
Дар шаҳри Хуҷанд 329 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад. Иттилоъ дода шуд, ки дар семоҳаи якуми соли 2026 ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ба 576,9 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 130,8 фоизро ташкил дод. Аз ин миқдор ба маблағи 99,9 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷӣ содирот карда шудааст, ки нисбат ба соли 2025 112,8 фоизро ташкил медиҳад.
Масъулини соҳаи саноати шаҳри Хуҷанд нақша доранд, ки барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсол ва таъсиси ҷойи нави кор тадбирҳо андешанд.
АКС аз бойгонӣ








Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад






