СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ (2026) ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз беш аз шаш ҳазор сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода дар маросими ифтитоҳи иншооти обтаъминкунии деҳа доир ба масоили мубрами рӯз, аз қабили вусъат додани корҳои ободонӣ ва созандагӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву мардумсолорӣ ва амсоли ин сухан гуфт.
Иброз шуд, ки дар Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ барои таҷлили шоистаи ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз ҳарвақта бояд меҳнат кунем.
Иншоот бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, саҳми соҳибкори маҳаллӣ Ибодулло Каримов ва ҳамкории сокинони меҳнатқарину саховатпешаи деҳаи ба номи Саттор Раҷабов бо харҷи беш аз 500 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Сокинони деҳа ният доранд боз роҳҳои мошингарди деҳаро асфалтпӯш намуда, дигар иншооти иҷтимоиро бунёд намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода













ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






