Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Созишномаи иловагӣ ба «Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Artel Engineering and Management»-и Ҷумҳурии Узбекистон оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» дар шаҳри Душанбе аз 12 декабри соли 2019» ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Татбиқи лоиҳа се марҳиларо дар бар мегирад. Дар марҳилаи якуми лоиҳа соли 2019 иқтидори истеҳсолии солонаи корхона ба 70 ҳазор техникаи маишӣ расонида шуда, дар марҳилаи дуюм дар соли 2021 60 ҳазор мошинаи ҷомашӯӣ ва 10 ҳазор телевизор истеҳсол гардида, иқтидори истеҳсолӣ то 140 ҳазор афзоиш ёфт.
Марҳилаи сеюми лоиҳа солҳои 2026–2028-ро дар бар мегирад. Дар доираи он тавсеаи истеҳсоли яхдонҳо то 100 ҳазор адад ва истеҳсоли кондитсионерҳо то 50 ҳазор адад пешбинӣ гардидааст. Инчунин бунёди корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Дар натиҷа иқтидори умумии истеҳсоли солонаи корхона то ба 300 ҳазор техника расонида мешавад.
Татбиқи лоиҳа ба таъсиси ҷойи нави кор, рушди истеҳсолоти ватанӣ, локализатсияи раванди истеҳсолот, ғанигардонии буҷети давлатӣ ва истифодаи самараноки ашёи хоми дохилӣ мусоидат мекунад. Он ҳамзамон барои ташаккули занҷираи арзиши иловашуда ва пешбурди саноатикунонии босуръати мамлакат замина фароҳам меорад.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






