СТРАТЕГИЯИ РУШДИ СОҲАИ АЛОҚА. Қабули ин санади стратегӣ кафолати рушди босуботи соҳа мебошад
ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (16 декабри соли 2025) ба Маҷлиси Олӣ ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки барои амалисозии иқдоми созанда дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030), инчунин дар асоси ҳадафу вазифаҳои стратегии давлат лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» — ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
– Бо мақсади иҷрои саривақтии супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи ин лоиҳа аз ҳисоби кормандон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Бо назардошти таклифҳои пешниҳодшуда баъди мувофиқа бо ниҳодҳои дахлдор лоиҳа барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.
Басе рамзист, ки дар арафаи таҷлили иди касбии кормандони соҳаи алоқа (7 май) «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ин санад ҳуҷҷати калидии банақшагирии стратегии соҳавӣ буда, ба муайян кардани афзалияти сиёсати давлатӣ, ҳадафҳои дарозмуддат ва механизмҳои рушди устувори соҳаи телекоммуникатсия ва хизматрасониҳои почтавӣ дар бахши маданӣ дар шароити табаддули рақамӣ равона шудааст. Стратегия бо дар назар доштани манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, уҳдадориҳои байналмилалӣ, тамоюлҳои технологии ҷаҳонӣ, хавфҳои минтақавӣ ва хусусияти иҷтимоию иқтисодии мамлакат таҳия карда шудааст.
Он ҳамчун асос барои таҳия, тасҳеҳ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи рақамикунонӣ, алоқа ва хизматрасониҳои почтавӣ, ҳуҷҷатҳои стратегии байниидоравӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин барномаҳои табаддули рақамии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳои давлатӣ, мақомоти танзимгар, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегие, ки ба рушди шабакаҳои алоқа дахл доранд, хизмат мекунад.
Ҳуҷҷати мавриди назар воситаи мукаммали рушди соҳаи алоқа ва хизматрасониҳои почтавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Он ҳамзамон ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ тавассути васеъ намудани дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳои алоқа, таъмини рушди устувори технологии соҳаи алоқа, навсозӣ ва густариши зерсохти телекоммуникатсионӣ ва почтавӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои пешниҳодшаванда дар соҳаи алоқа, интиқоли маълумот ва хизматрасониҳои почтавӣ, рушди иқтидори кадрӣ, таҳкими амнияти иттилоотӣ ва таъмини соҳибихтиёрии рақамӣ, ҳамгироӣ ба фазои байналмилалии рақамӣ ва телекоммуникатсионӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ва такмили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.
Ин стратегия амалисозии маҷмуи чораҳои мувофиқашудаи дорои хусусияти техникӣ, ташкилӣ, меъёрӣ ва кадриро пешбинӣ менамояд, ки ба рушди устувори соҳаи алоқа ва алоқаи почтавӣ равона шудаанд.
Ҳадафҳо ва вазифаҳои стратегия ҳамчун унсури асосии сиёсати давлатӣ дар самти табаддули рақамӣ ва рушди инноватсионӣ арзёбӣ мегарданд. Чунин равиш ба таҳкими ҳамаҷонибаи соҳа, ҳамгироии муассири он ба фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани саҳми он дар рушди иҷтимоию иқтисодии давлат равона шудааст.
Мушкилоти муосир, аз ҷумла рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, афзоиши талаботи аҳолӣ ва тиҷорат бо истифода аз хизматрасониҳои босифати алоқа, зарурати таъмини устувории кибернетикӣ ва таҳкими соҳибихтиёрии рақамӣ аҳаммияти банақшагирии муназзам ва дарозмуддатро пешакӣ муайян мекунанд. Ташаккули самтҳои стратегӣ имкон медиҳад, ки сиёсати пайдарпайи навсозии зерсохт, рушди хизматрасониҳои рақамӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ҳифзи манфиатҳои истифодабарандагон таҳия карда шавад.
Дар доираи омодасозии ин санад таҳлили вазъи кунунии соҳа гузаронида шуда, мушкилоти асосӣ ва монеаҳо муайян гардиданд. Инчунин самтҳои ояндадор барои навсозӣ ва табаддули рақамии онҳо ба назар гирифта шудааст. Дар ин асос ду мақсади асосии стратегӣ таҳия шуданд, ки барои ҳамаи иштирокчиёни раванд–давлат, операторони алоқа, тиҷорат ва ҷомеа ҳамчун роҳнамо хизмат мекунанд:
1) пешниҳоди хизматрасониҳои алоқаи босифат, муосир ва дастрас, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунанд;
2) ноил шудан ба рушди устувори соҳаи алоқа тавассути эҷоди зерсохти рақамии муосир, бехатар ва боэътимод.
Амалисозии ин мақсадҳо замина барои ноил шудан ба вазифаҳои дарозмуддати стратегия, аз ҷумла рушди иқтисоди рақамӣ, ташаккули экосистемаи инноватсионӣ, таҳкими амнияти иттилоотӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад шуд.
Барои ноил шудан ба мақсади якум иҷрои вазифаҳои зерин пешбинӣ шудааст:
1) таъмини дастрасии умумӣ ба алоқаи мобилӣ ва собит дар ҳама маҳалҳои аҳолинишин бо шумораи зиёда аз 700 нафар;
2) рушди шабакаҳои баландсуръат (4G, 5G, FTTH, тасмимҳои моҳвораӣ) барои таъмини интернет дар минтақаҳои шаҳрӣ ва деҳот;
3) ҷорӣ намудани стандартҳои миллии сифати хизматрасонӣ (SLA) барои ҳамаи операторони алоқа;
4) таъсиси низоми мониторинги сифати хизматрасониҳои алоқа дар асоси нишондиҳандаҳо ва методологияҳои байналмилалӣ;
5) кам кардани сарбории тарифӣ ба хонаводаҳо ва тиҷорат тавассути такмили сиёсати тарифӣ ва ҳавасмандгардонӣ ба рақобати солим;
6) таъмини шаффофияти тарифҳо ва бартараф кардани пардохтҳои пинҳонӣ ва шартҳои ғайриодилонаи пайвастшавӣ;
7) ҳамгироии хизматрасониҳои алоқа бо хизматрасониҳои рақамӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, молия ва идоракунии давлатӣ;
8) бартараф кардани нобаробарии рақамӣ тавассути рушди афзалиятноки зерсохт дар минтақаҳои душворрас;
9) ташкил ва ҷорӣ намудани механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагон ва баррасии фаврии шикоятҳо;
10) баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ тавассути барномаҳои таълимӣ, таблиғи хизматрасониҳои онлайн ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазир;
Барои ноил шудан ба мақсади дуюм иҷрои вазифаҳои зерин пешбинӣ шудааст:
1) навсозии зерсохти миллии алоқа бо ҷорӣ намудани технологияҳои насли нав;
2) рушди шабакаи хатҳои магистралӣ ва минтақавии нахҳои нурӣ бо гуногунсозии масирҳо ва баланд бардоштани иқтидори интиқол;
3) бунёди зерсохти миллии IXP (Нуқтаи мубодилаи трафики интернетӣ) ва самтҳои байналмилалии захиравӣ барои баланд бардоштани устувории шабака;
4) сохтмон ва ба истифода додани марказҳои коркарди маълумоти сатҳи миллӣ барои нигоҳдорӣ, коркард ва ҳифзи маълумот;
5) таъмини сатҳи баланди амнияти иттилоотӣ;
6) такмили заминаи меъёрию ҳуқуқии соҳаи алоқа бо дар назар доштани стандартҳои байналмилалӣ;
7) фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоягузорӣ ва амалисозии лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи зерсохти рақамӣ;
8) ташкил ва ҷорӣ намудани низоми сертификатсия ва аудити сифати зерсохти рақамӣ;
9) ташкили омодагӣ ва бозомӯзии кадрҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ;
10) вусъат додани ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамгироӣ ба ташаббусҳои рақамии минтақавӣ барои табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази рақамии транзитии Осиёи Марказӣ.
Амалисозии вазифаҳои муқарраршуда барои ҳар мақсади стратегӣ имкон медиҳад, ки рушди пайдарпайи соҳа таъмин гардад, сифат ва дастрасии хизматрасониҳо барои аҳолӣ ва тиҷорат беҳтар карда шавад. Ҳамзамон мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои рақамии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мустаҳкам гардад.
Барои муваффақона ба даст овардани мақсадҳои стратегӣ механизми махсуси амалисозии марҳила ба марҳилаи чорабиниҳои ба рушди пайдарпайи соҳаи алоқа равонагардида зарур аст. Равиши марҳила ба марҳила мураттабӣ, идорашавандагӣ ва имконияти тасҳеҳи ин санадро вобаста ба тағйироти муҳити беруна, тамоюлҳои технологӣ ва шароити иҷтимоию иқтисодӣ таъмин мекунад.
Механизми амалисозии «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тавассути қабули нақшаи чорабинии амалисозии он дар се марҳила пешбинӣ шудааст: солҳои 2026 – 2030, 2031 – 2035, 2036 – 2040 ва замимаҳо ба нақшаҳои чорабиниҳо. Иҷрои пайдарпайи чорабиниҳо барои гузариш ва бартараф кардани маҳдудияти мавҷуда, навсозии зерсохти асосӣ ба бунёди низоми алоқаи баландтехнологӣ, устувор ва рақобатпазир, ки ба талаботи муосири байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад, имконият медиҳад.
Марҳилаи якуми амалисозии стратегия (солҳои 2026-2030) ба бартараф кардани нобаробарии рақамӣ, таҳкими заминаи институтсионалӣ ва бунёди заминаи мустаҳками зерсохтӣ, ки барои ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ зарур аст, нигаронида шудааст. Ин давра замина барои табаддули рақамии кишвар гардида, имкон медиҳад, ки соҳаи алоқа барои навсозии густурдаи технологӣ омода шавад.
Марҳилаи дуюми амалисозии стратегия (солҳои 2031-2035) идомаи мантиқии марҳилаи аввал буда, ба ҷорӣ намудани босуръати технологияҳои инноватсионӣ, васеъкунии хизматрасониҳои рақамӣ ва таҳкими соҳибихтиёрии рақамии давлат равона карда мешавад. Таваҷҷуҳи асосӣ дар ин давра ба ташаккули зерсохти алоқаи баландтехнологӣ ва рақобатпазир, ки рушди устувори иқтисод ва ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои рақамии ҷаҳонӣ таъмин мекунад, зоҳир карда мешавад.
Дар марҳилаи сеюм (солҳои 2036–2040) натиҷаи ниҳоии амалисозии стратегия бунёди зерсохти муосири алоқаи барқи фарогирандаи тамоми минтақаҳои кишвар ва ба фазои байналмилалии рақамӣ ҳамгирошуда мебошад, ки дастрасии баробари шаҳрвандон ва ташкилотро ба хизматрасониҳои рақамӣ таъмин менамояд. Ҳамзамон ба болоравии рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, рушди технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи амнияти рақамии давлат мусоидат мекунад.
Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва рақобати ҷаҳонӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи алоқа дар дурнамои дарозмуддат муҳим аст. Чунин равиш имкон медиҳад, ки номуайяниҳои вобаста ба омилҳои иқтисодӣ, технологӣ ва иҷтимоӣ ба назар гирифта шаванд, инчунин роҳҳои беҳтарини ноил шудан ба мақсадҳои стратегӣ таҳия гарданд.
Дар доираи ин стратегия ду самти афзалиятноки рушд баррасӣ карда шудаанд:
1) самти афзалиятноки асосӣ ба рушди тадриҷии соҳа бо нигоҳ доштани суръати кунунии навсозӣ ва имконияти маҳдуди сармоягузорӣ нигаронида шудааст;
2) самти афзалиятноки пешрафта табаддули босуръати рақамӣ, фаъолона ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва ҷалби густурдаи сармоягузориро пешбинӣ менамояд.
Амалисозии муқаррароти «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» маблағгузории устувор ва гуногунманбаъ талаб мекунад. Бо назардошти миқёси вазифаҳои гузошташуда, аз ҷумла навсозии зерсохт, васеъкунии фарогирӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, рақамисозии равандҳо ва кам кардани нобаробарии рақамӣ шарти муҳими ноил шудан ба мақсадҳои стратегӣ ташаккули низоми бисёрсатҳаи манбаъҳои маблағгузорӣ мебошад, ки захираҳои давлатӣ, хусусӣ ва байналмилалиро дар бар мегирад.
Барои амалисозии чорабиниҳои пешбинишуда дар солҳои 2026–2030 ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 6,6 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Хусусияти муҳимми Стратегия он аст, ки сармоягузории асосӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ таъмин гардида, ҳиссаи он тақрибан 89,7 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамзамон 6,6 фоиз аз ҳисоби шарикони рушд, 3 фоиз маблағҳои махсус ва 0,7 фоиз аз ҳисоби буҷети давлатӣ пешбинӣ шудааст. Ин нишон медиҳад, ки стратегия ба ҷалби фаъоли сармояи хусусӣ ва рушди бозори рақобатпазир такя мекунад.
Стратегия на танҳо ҳуҷҷати соҳавӣ, балки заминаи боэътимоди рушди иқтисоди рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими соҳибихтиёрии технологӣ мебошад. Қабул гардидани он имкон медиҳад, ки шабакаҳои интернет ва алоқа (аз ҷумла 4G/5G, нахи нурӣ) васеъ ва навсозӣ шуда, сифати хизматрасонӣ ва фарогирии бештар, ҳатто дар минтақаҳои дурдаст муҳайё гардад. Он ба рушди зерсохт мусоидат намуда, ба арзонтар гардидани хизматрасониҳои алоқа ва беҳтар шудани дастрасӣ ба онҳо муосидат менамояд. Ҳамзамон «нобаробарии рақамӣ»-и байни шаҳр ва деҳотро коҳиш медиҳад.
Стратегия барои рушди ҳукумати электронӣ, хизматрасониҳои онлайн ва тиҷорати электронӣ замина фароҳам оварда, шаффофият ва самаранокиро меафзояд. Барои сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меояд, ки ин омил ба рушди навоварӣ ва беҳбуди хизматрасонии самтҳои мухталифи соҳаи алоқа мусоидат мекунад.
Дар доираи амалисозии ин стратегия Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ ҳамкориро ба роҳ мемонад.
Исфандиёри САЪДУЛЛО,
сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Бангкок тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЭСКАТО баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси ҷаҳонии Сеул оид ба корхонаҳои давлатӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон 87 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 51,6 миллиард сомонӣ амалӣ мегардад
Нақши Пешвои миллат дар рушд ва эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ
Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба рақамикунонии соҳаи буҷет ва молия таъсис дода мешавад
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи СҲШ иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавориро масъалаи стратегӣ ва ҳаётан муҳим номиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумат ба масъулон барои коҳиши фоизи қарзҳо ва рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дастур доданд
Тоҷикистон ба ҷомеаи рақамии пешрафта бо иқтисоди инноватсионии рақобатпазир табдил меёбад
Дар Барселона имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ба имзо расид
Муқовимат ба коррупсия омили муҳими рушди устувори Тоҷикистон аст






