«СУҒД-2026». Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо баргузор мешавад

Апрель 23, 2026 15:59

ДУШАНБЕ, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи июн дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2026» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ҳадафи намоишгоҳ дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, тавсеаи ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ мебошад. Намоишгоҳ ҳамчунин майдони хуб барои пешниҳод, баррасӣ ва таҳияву татбиқи лоиҳаҳо мебошад. Дар он ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногунро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 12 то 14 июни соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2025» ва Форуми имконоти тиҷоратӣ-сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақа доир шуда буд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 23, 2026 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид