Таҷрибаи Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар доираи СҲШ муаррифӣ карда шуд

Апрель 20, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 20.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи нуҳуми вазирони тандурустии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон доир шуд, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа роҳбарият ва намояндагони вазоратҳои тандурустии кишварҳои аъзои СҲШ ва мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа доираи васеи масъалаҳои муҳими рушди соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла беҳтар кардани идораи давлатии низоми тандурустӣ, баланд бардоштани устувории низомҳои миллии тандурустӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва ташаббусҳо оид ба густариши ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокдорон ба табдили рақамии соҳаи тандурустӣ, ҷорӣ намудани системаҳои муосири иттилоотӣ, рушди тибби фосилавӣ ва афзоиши дастрасии хизматрасонии тиббӣ, махсусан барои сокинони минтақаҳои дурдаст таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Ҷониби Тоҷикистон доир ба татбиқи мунтазами ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар кишвар, ки ба беҳтар намудани сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббӣ нигаронида шудааст, маълумот дод. Аз ҷумла густариши инфрасохтори тандурустӣ, навсозии муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар кардани нишондиҳандаҳои асосии тандурустии ҷамъиятӣ дар кишвар махсус таъкид карда шуд.

Дар ин замина, коҳиши сатҳи фавти кӯдак ва модар, инчунин коҳиши умумии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ таъкид гардид.

Дар анҷом протоколи ҷаласаи нуҳуми вазирони тандурустии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расид.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 20, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид