ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
1 апрели соли 2025 суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён доир гардид. Дар оғози суҳбат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуди Пизишкиён ба муносибати ҷашни Наврӯзи бостонӣ ва фарорасии Иди мубораки Фитр мубодилаи табрикот анҷом доданд.
***
1 апрели соли 2025 байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дар робита ба 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кувайт мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
***
Дар ин рӯзи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Парламенти Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сокро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни суҳбати самимӣ ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла таҳкими равобити байнипарламентии Тоҷикистон ва Корея мароқ зоҳир карда шуд.
***
1 апрели соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд коргоҳҳои дӯзандагӣ, қолинбофӣ ва коркарди меваро мавриди истифода қарор доданд.
1 АПРЕЛ:
Рӯзи ханда.
***
Рӯзи байналмилалии парандагон.
РӮЙДОДҲО:
1 апрели соли 2022 дар фазои тантанавӣ дар Тоҷикистон Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» кушода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 дар Тоҷикистон барои дастрас намудани раводиди сайёҳӣ барои шаҳрвандони хориҷии ташрифоваранда нархномаи ягона ҷорӣ гардид.
***
1 апрели соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нашриёти «Адиб» таъсис дода шуд.
***
1 апрели соли 2009 Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди савдои хориҷии мол»-ро қабул намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1906 Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи парандагон қабул гардид.
***
1 апрели соли 1964 дар Канада ба шаҳрвандон додани рақами ҳифзи иҷтимоӣ оғоз гардид.
***
Соли 2009 дар Тоҷикистон нашри тазкираи нависандагони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид.
***
Соли 1923 аввалин шумораи рӯзномаи «Огонек» нашр шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ибодулло Машрабов- соли 1954— Ҳунарманди халқии Тоҷикистон








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 март, сешанбе, 90-умин рӯзи соли 2026 аст






