ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 апрел, панҷшанбе, 92-юмин рӯзи соли 2026 аст

Апрель 2, 2026 08:00

2 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварда  буданд, ба ҳузур пазируфтанд.

***

2 апрели соли 2014 дар маркази шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази таълимӣ ва  истеҳсолии ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзии Шероз, ки дар назди Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Зиннат» таъсис ёфтааст, ифтитоҳ гардид.

2 АПРЕЛ:

Рӯзи умумиҷаҳонии китоби кӯдакона.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии паҳннамоии иттилоот оид ба бемории аутизм.

РӮЙДОДҲО:

2 апрели соли 1935  дар Сталинобод маросими ифтитоҳи нахустин сирк баргузор гардид.

***

2 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд.

***

2 апрели соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба ҳукми қонун даромад.

***

2 апрели соли 1922  дар шаҳри Москва китобхонаи адабиёти хориҷӣ ифтитоҳ гардид.

***

Соли 1946 Маркази ядроии «Арзамас-16» таъсис дода шуд.

***

Соли 1966 моҳвораи шуравии «Луна-10» дар ҷаҳон нахустин киштии кайҳоние шинохта шуд, ки Моҳро давр зад.

Апрель 2, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш