ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 апрел, ҷумъа, 93-юмин рӯзи соли 2026 аст
3 апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Ҳамоиши сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» вориди шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд.
***
3 апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи Ҳамоиши «Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон, инчунин масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд.
***
3 апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо мулоқот намуданд.
***
3 апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанд дар доираи Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйен мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2025 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Миннихановро ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ ва табобатии Закариёи Розӣ ифтитоҳ ёфт.
***
3 апрели соли 2014 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати Хуасини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Е Чинро ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таркиши фоҷиабор дар истгоҳи метрои шаҳри Санкт-Петербург ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи таслият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Бо эҳсоси андӯҳ мо ин амали мудҳишро маҳкум намуда, ҳамоҳангии кӯшишҳои худро барои аз байн бурдани хатари даҳшатбори аср — терроризм таъкид менамоем».
***
3 апрели соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳбари намояндагии Бонки Осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ко Сакамоторо ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар вохӯрӣ бо ноиби аввали Президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ, Президенти Кумитаи олимпии давлати Қатар Ҷоан Бин Ҳамад Оли Сонӣ пешниҳод намуданд, ки варзиши гӯштингирӣ дар марҳилаи аввал ба Бозиҳои Осиё ва дар марҳилаи дуюм ба Бозиҳои олимпӣ ворид карда шавад.
3 АПРЕЛ :
Рӯзи байналмилалии шабнишинӣ.
РӮЙДОДҲО:
3 апрели соли 1930 дар Сталинобод корхонаи коркарди чӯб ба истеҳсоли маҳсулот оғоз намуд.
***
3 апрели соли 1931 Муассисаи давлатии бойгонии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
***
3 апрели соли 2007 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заводи Алюминии тоҷик (ТадАЗ) ба Корхонаи давлатии унитарии «Корхонаи алюминии тоҷик» тағйири ном кард.
***
Соли 1976 дар Фаронса нахустин маросими супоридани ҷоизаи «Сезар» дар самти дастовардҳо дар соҳаи кино баргузор гардид.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 апрел, панҷшанбе, 92-юмин рӯзи соли 2026 аст






