ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 апрел, шанбе, 94-умин рӯзи соли 2026 аст
4 апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
4 апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
4 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби калони Президенти Бонки ҷаҳонӣ Каушик Басуро ба ҳузур пазируфтанд.
***
4 апрели соли 2014 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди хати 220- киловолтаи интиқоли неруи барқи Қайроққум—Ашт оғоз бахшиданд.
***
4 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дуюм Президенти Кумитаи миллии олимпӣ интихоб гардиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расониданд.
***
4 апрели соли 2024 Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи ин сафари расмӣ музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор шуда, санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
***
4 апрели соли 2024 дар толори бошукуҳи «Кохи Борбад» барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов иштирок намуданд.
***
4 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи Интернет.
***
Рӯзи кӯдакон дар Тайван.
***
Рӯзи Веб-барномасозон.
РӮЙДОДҲО:
4 апрели соли 2023 дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор шуд.
***
4 апрели соли 2017 дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Австрия, ки ба тавсеаи ҳамкории иқтисодии ду давлат ва ҷалби сармоягузорони Австрия дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни бахши иқтисодиёти Тоҷикистон равона шудааст, баргузор гардид.
***
4 апрели соли 1982 аввалин маротиба қуллаи баландтарин- Эверестро кӯҳнавардони шуравӣ Владимир Балибердин ва Эдуард Мисловский кашф намуданд.
***
Соли 1998 дар соҳилҳои Нигерия дар натиҷаи ғарқшавии киштӣ 280 нафар ҳалок шуданд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Бурҳон Раҳмон— соли 1934 -ровии шинохтаи телевизион ва радио








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 апрел, ҷумъа, 93-юмин рӯзи соли 2026 аст






