ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 апрел, душанбе, 96-умин рӯзи соли 2026 аст

Апрель 6, 2026 08:00

6 апрели соли 2021  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

6 апрели соли 2023 пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Боку баргашт. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми самимӣ меҳмони олимақом-Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиевро гусел намуданд.

***

6 апрели соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токеширо ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯз, 6 апрели соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари раёсати Агентии энергетикии Олмон Штефан Колерро ба ҳузур пазируфтанд.

6 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳу субот.

РӮЙДОДҲО:

6 апрели соли 2021  бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» намоиш доир гардид.

***

6 апрели соли 2016 Агентии миллии иттилоотии «Ховар» хабар дод, ки дар шаҳри Алматои Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ ба ёдбуди Арбоби давлатии Қазоқистон Нурлан Каппаров бо иштироки дастаҳои наврасони Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиши Тоҷикистон доир гардид. Дар он даста таҳти роҳбарии мураббӣ Сафаралӣ Раҳмонов сазовори ҷойи дуюм гардид.

***

6 апрели соли 2016 дар шаҳри Искандарияи Миср конфронси дуюм дар мавзуи «Нақши Мовароуннаҳр дар ғанигардонии тамаддуни исломӣ» баргузор гардид.

***

6 апрели соли 2016 47 нафар аз Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар дар озмуни шеърхонон, ки бо ташаббуси ҷамъияти Пушкин бахшида ба Рӯзи байналмилалии шеър доир шуд, иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯз, 6 апрели соли 2009 дар  километри 95-уми самти шимолу шарқи Рим заминларза бо қувваи 6,3 балл ба амал омад, ки дар натиҷа  293 нафар ҳалок шуданд.

***

Соли 1965 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин моҳвораи тиҷоратӣ дар самти алоқа сар дода шуд.

***

Соли 1896 дар Афина аввалин бозиҳои олимпии муосир ифтитоҳ ёфтанд.

Апрель 6, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш