ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
9 апрели соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони шаҳри Исфараи вилояти Суғд мулоқоти самимиву созанда анҷом доданд.
***
9 апрели соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мулоқот бо сокинон, иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, нақшаю тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун ба истиқболи ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
***
9 апрели соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Сарбанди шаҳри Гулистони вилояти Суғд коргоҳи коркарди моҳиро мавриди истифода қарор доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муосир-пласт» оғоз бахшиданд. Инчунин дар ин ноҳия Муассисаи таҳсилоти томактабии «Мусаффо» ва корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Титан 8888»-ро мавриди истифода қарор доданд.
***
9 апрели соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, дар коргоҳи истеҳсоли «Ванадий»-и Коргоҳи фаръии «Истеҳсоли гидрометаллургӣ» пас аз анҷоми корҳои навсозӣ ва барқарорсозӣ бо хати истеҳсолӣ шинос шуданд.
***
9 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Брюссел Президенти Ассотсиатсияи тандурустии Шоҳигарии Белгия Дирк Ламбрехтсро ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯз, 9 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо котиби генералии НАТО Андерсом Фог Расмуссен мулоқот намуданд.
***
9 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Шоҳигарии Белгия сафар намуданд.
***
17 сол қабл, 9 апрели соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ордени олимпии Шурои Осиё сарфароз гардонида шуданд.
9 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Гурҷистон.
***
Рӯзи забони финӣ.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 2024 дар Душанбе даври сеюми музокироти гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба Созишномаи нави шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1957 дар шаҳри Москва Даҳаи фарҳанги тоҷик баргузор гардид.
***
Дар ин рӯз, 9 апрели соли 2001 нишасти нахустини Комиссия оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар тамоми самтҳо баррасӣ гардиданд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Рафиқа Мусоева -соли 1953— ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






