Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи энергетикии ИМА баррасӣ шуд

Апрель 17, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 17.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаи энергетика дар мулоқоти маҷозии Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндаи Ассотсиатсияи энергетикии Амрико Мелисса Бровн баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки таваҷҷуҳи махсус ба тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи технологияҳои муосир зоҳир гардид.

‎Дар идомаи муколама масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000, рушди неругоҳҳои офтобӣ, ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳими захираҳои обӣ ва инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи энергетика мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

‎Ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва баланд бардоштани иқтидори содиротии Тоҷикистон мусоидат мекунанд, изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 17, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад