Тоҷикистон ташаббускори қабули қатънома дар иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ гардид
ДУШАНБЕ, 25.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) қатъномаи «Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи пайвастагии нақлиётӣ ва логистика барои рушди устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, қабул гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, қатъномаи мазкур таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ гардид. Қабули ин қатънома қадами муҳим дар самти рушди низомҳои устувор, фарогир ва ҳамгирошудаи нақлиётӣ дар минтақа арзёбӣ мегардад. Санади мазкур чолишҳои муосири соҳаро инъикос намуда, ба барномаҳои калидии байналмилалӣ, аз ҷумла Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ва инчунин Даҳсолаи нақлиёти устувори СММ (2026–2035) мувофиқат мекунад.
Тоҷикистон, ҳамчун мамлакати рӯ ба тараққӣ ва маҳсур дар хушкӣ, ба масъалаҳои рушди пайвастагии транзитӣ аҳаммияти махсус медиҳад.
Дар қатънома зарурати ба назар гирифтани ниёзҳои хоси чунин кишварҳо таъкид гардида, инчунин таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои транзитӣ ва шарикони байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.
Қатъномаи қабулшуда ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ, таҳкими пайвастагии минтақавӣ ва байниминтақавӣ, инчунин баланд бардоштани устувории занҷираҳои логистикӣ мусоидат хоҳад кард. Интизор меравад, ки татбиқи он ба афзоиши савдо, ҷалби сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии кишварҳои минтақа мусоидат намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати дастгирии фаъолонаи татбиқи муқаррароти қатънома, таҳкими ҳамкории минтақавӣ, табодули таҷрибаи пешрафта ва пешбурди ташаббусҳои муштарак дар соҳаи нақлиёти устувор таъкид менамояд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд






