Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд

Апрель 8, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи  энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи  ҳамкорӣ дар мулоқоти роҳбарияти вазоратҳои энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Қазоқистон дар шаҳри Остона баррасӣ гардиданд.

Хусусан масъалаҳои марбут ба  татбиқи лоиҳаҳои муштараки соҳавӣ, инчунин мубодилаи таҷриба дар самти истифодаи самаранок ва устувори захираҳои энергетикӣ дар меҳвари мулоқоти  ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Таъкид шуд, ки таҳкими ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Қазоқистон метавонад ба баланд бардоштани сатҳи амнияти энергетикӣ дар минтақа, таъмини устувории низомҳои энергетикӣ ва рушди иқтисоди миллии ҳарду давлат мусоидат намояд.

Дар анҷом ҷонибҳо барои идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкории мутақобили судманд омодагӣ баён намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 8, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд