«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид

Апрель 30, 2026 13:37

ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ба ифтихори Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносии миллӣ (2026) ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор даври шаҳрии маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Дар даври якуми маҳфил – озмуни «Тоҷикистони ман!» 1750 нафар иштирок намуда, 254 нафар ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифт.

Мақсади гузаронидани маҳфил-озмун аз таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар байни ҷавонон ва наврасон, талқини онҳо барои озодона сухан гуфтан бо забони ноби адабии тоҷикӣ ва муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ҳамчун давлати дорои таърихи қадимӣ иборат буд.

Иштирокчиёни озмун тибқи талаботи Низомнома дар назди ҳайати ҳакамон баромад намуданд.

Дар асоси ҷадвал аз ҷониби комиссия ба ҳозирҷавобӣ, маълумоти мухтасар дар бораи асар ва тарзи қироати ғазал аз осори шоирони классики тоҷику форс аз ҷониби иштирокчиён баҳо гузошта шуд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор

Апрель 30, 2026 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст