Тоҷикони муқими Амрико Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд

Апрель 27, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 27.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел тоҷикони муқими шаҳри Вашингтон ва штатҳои Вирҷиния, Мэриленд, Ню Йорк, Ню Ҷэрсӣ, Филаделфия ва Пенсилванияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА), бахусус Ассосиатсияи фарҳангии тоҷикону амрикоиҳо Наврӯзи байналмилалиро бо риояи оинҳои қадимии ин иди бостонӣ ҷашн гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода ҳамватанони муқими Амрикоро шодбош гуфта, изҳор намуд, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои башар аст ва гузаштагони некному хирадманди мо ин ҷашнро бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд дар тӯли беш аз шаш ҳазор сол ҳифз карда, то замони мо расонидаанд.

«Боиси ифтихор ва хушбахтист, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бостонии миллати мо дубора эҳё гардида, таъриху фарҳанги қадимаи тоҷиконро дар ҷаҳон муаррифӣ менамоянд», — гуфт Завқӣ Завқизода.

Дар чорабинии идона таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши палав, қурутоб, шакароб, оши буридаю туппа пешниҳоди иштирокдорон гардид. Ҳамчунин дастархони идона бо ҳафтсину ҳафтшин ороста шуда, ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили нақшу нигор, чакан, атласу адрас, зардӯзӣ ва дигар армуғонҳо ба намоиш гузошта шуданд.

Барои кӯдакон намоишҳои ҳунарии шавқовар аз ҷониби ҳунарманди касбии амрикоӣ пешниҳод гардид, ки хурдсолон бо завқи баланд онро тамошо карда, дар он бевосита иштирок намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Апрель 27, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид