Ҳукумати Тоҷикистон барориши вомбаргҳои «сабз»-ро амалӣ менамояд

Апрель 23, 2026 14:50

ДУШАНБЕ, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барориши вомбаргҳои «сабз»-ро амалӣ менамояд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити минтақавии экологии «Диди муштарак барои ояндаи устувор» 22 апрел дар шаҳри Остона иброз намуданд, «ин қадами муҳим дар роҳи ҳамгироии кишвар ба низоми ҷаҳонии маблағгузории устувори иқлимӣ мебошад».

Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ ҷалби сармоягузориҳои экологӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои бозории дастгирии рушди «сабз» аҳамияти хосса касб менамояд.

Президенти Тоҷикистон афзуданд, ки баррасии имконияти ташаккули марҳилавии бозори минтақавии карбонро барои дастгирии талошҳо дар самти коҳиши партовҳо ва ҷалби сармоягузориҳои нав ба мақсад мувофиқ мешуморем. «Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳамкории минтақавии экологӣ мо ҷонибдори рушди механизмҳои сохтории он ва таҳияи мавқеъҳои ҳамоҳангшудаи минтақавӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошем», — изҳор намуданд Сарвари давлати Тоҷикистон.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 23, 2026 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад