Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси иҷлосияи 60-уми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд интихоб шуд

Апрель 20, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 20.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Ҷонибек Ҳикмат раиси иҷлосияи 60-уми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд (CPD) интихоб шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, интихоботи мазкур эътимоди ҷомеаи ҷаҳониро ба талошҳои Тоҷикистон ва уҳдадории он барои пешбурди авлавияти аҳолӣ ва рушд, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, баробарии гендерӣ, ҳуқуқ ва некӯаҳволии занон, кӯдакон ва ҷавонон нишон медиҳад.

«Тоҷикистон дар амри баргузории муваффақона ва муассири ин иҷлосия омодаи ҳамкорӣ бо ҳамаи давлатҳои аъзо ва шарикони байналмилалӣ мебошад», — таъкид намуданд дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Апрель 20, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд