Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 17.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор гардид, ки дар он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳимми рӯзномаи Ассамблея, аз ҷумла таҳкими ҳамоҳангии байнипарламентӣ, густариши ҳамкорӣ дар минтақаи Осиё ва ташаккули мавқеи ягонаи давлатҳои аъзо дар сатҳи парлумонии байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласа аҳаммияти густариши ҳамкории байнипарламентӣ ва нақши калидии Ассамблеяи парламентии Осиё дар таҳкими ҳамгироии минтақавӣ, таҳкими эътимод ва рушди муколамаи созанда байни кишварҳои аъзо таъкид шуд. Ҳамзамон изҳор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти ҳамкории бисёрҷониба ва истифодаи самараноки минбарҳои парлумонӣ барои пешбурди рӯзномаи умумии минтақавӣ мебошад.
Соли 2026 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал раёсати Кумитаи Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба уҳда гирифт. Ин иқдом ҳамчун марҳилаи муҳими таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳамкории парламентии минтақавӣ ва саҳми фаъолона дар пешбурди ташаббусҳои соҳавӣ арзёбӣ гардид.
Таъкид карда шуд, ки фаъолияти ин кумита ба пешбурди масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои инсонӣ равона гардида, ба таҳкими сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақа мусоидат менамояд. Дар ин замина ҷонибҳо барои густариши ҳамкории амалии байни кишварҳои аъзо ва табодули таҷрибаи пешқадам ибрози омодагӣ намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон






