Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони дастаи мунтахаби паралимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар III Фестивали байналмилалии мутобиқкунонии намудҳои варзиш «ИМПУЛС» байни варзишгарони дорои имконияти маҳдуд натиҷаҳои назаррас бадаст оварданд, ба Ватан баргаштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар маросими истиқбол муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Маҳмуд Амонзода, Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Маҳмадшо Абдуллозода ва дигар шахсони масъул иштирок намуда, варзишгаронро гарму самимӣ пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивал рӯзҳои 26–27 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор гардид ва бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон, тими мунтахаби кишвар дар ҳайати 34 нафар, аз ҷумла 29 варзишгар, дар ин мусобиқа иштирок намуданд.
Дар ин чорабинии сатҳи баланд зиёда аз 1500 варзишгар аз як қатор давлатҳо иштирок намуда, маҳорат ва руҳияи баланди варзишии худро нишон доданд.
Қобили тазаккур аст, ки варзишгарони маъюби Тоҷикистон дар ин сабқат аз намудҳои дастхобонӣ (пара-армрестлинг), вазнабардорӣ (пара-пауэрлифтинг), тенниси рӯи миз, дартс, шашка ва шоҳмот иштироки фаъолона намуда, дар натиҷа ба гирифтани 37 медал, аз ҷумла 19 медали тилло, 10 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ ноил гаштанд.
Паралимпичиёни тоҷик дар Фестивали байналмилалии мутобиқкунонии намудҳои варзиш «ИМПУЛС» аз намудҳои зерини варзиш медал ба даст оварданд:
Дастхобонӣ — 21 медал:
- Тилло — 13 адад
- Нуқра — 5 адад
- Биринҷӣ — 3 адад
Вазнабардорӣ — 7 медал:
- Тилло — 4 адад
- Нуқра — 3 адад
Дартс — 3 медал:
- Нуқра — 1 адад
- Биринҷӣ — 2 адад
Шоҳмот — 1 медал:
- Тилло — 1 адад
Шашка — 3 медал:
- Тилло — 1 адад
- Нуқра — 1 адад
- Биринҷӣ — 1 адад
Қобили таъкид аст, ки чунин дастовардҳои назаррас дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Сипас, дар толори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ вобаста ба рушди минбаъдаи намудҳои варзиш баргузор гардида, дар ҷараёни он масъалаҳои таҳкими омодагӣ ва дастгирии минбаъдаи варзишгарон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми чорабинӣ варзишгарон ва мураббиёни онҳо барои дастовардҳои назаррас бо мукофотҳои пулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш паралимпичиёни тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг дар Тошканд 22 медал, аз ҷумла 4 тилло, 9 нуқра ва 9 биринҷӣ ва дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон дар Дубай 4 медал, аз ҷумла 1 тилло ва 3 нуқра ба даст оварданд.
























Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






