Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика байни Тоҷикистон ва Русия дар мулоқоти вазирони энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Русия дар Қазон баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мулоқот дар доираи Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» ва ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири энергетикаи Федератсияи Русия Сергей Сивилёв ба рушди минбаъдаи муносибатҳои судманд таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои истеҳсол ва интиқоли неруи барқ, ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикӣ, инчунин татбиқи технологияҳои муосир дар бахши энергетика баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории густурда дар доираи созишномаҳои мавҷуда ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ ибрози омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






