Вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Мински Беларус ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд

Апрель 24, 2026 15:57

ДУШАНБЕ, 24.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми гардиши мол байни вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ба беш аз 53 миллион доллар расида, нисбат ба давраи қаблӣ 1,5 баробар афзоиш ёфтааст, ки ин омор далели густариши ҳамкории иқтисодӣ байни ду вилоят мебошад. Дар ин хусус зимни вохӯрии раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Минск Алексей Кушнаренко таъкид карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, вохӯрӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои сарони давлатҳо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко баргузор гардида, ҳадафи он тақвияти ҳамкории дуҷониба мебошад.

Гуфта шуд, ки ҳамкорӣ дар заминаи созишномаҳои амалкунанда, аз ҷумла «Харитаи роҳ барои солҳои 2025–2026», пайваста рушд ёфта, натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд.

Зимни вохӯрӣ оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла пахтакорӣ ва коркарди он, бунёди корхонаҳои муосири коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, боғу токпарварӣ, истеҳсоли ангур, меваю сабзавот, хушкмева ва асал маълумот дода шуд.

Таъкид гардид, ки истифодаи оқилонаи заминҳои обӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ҷонибҳо ҳамзамон масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, маориф ва тандурустиро баррасӣ намуданд. Пешниҳод гардид, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзҳои фарҳангии вилояти Минск гузаронида шаванд.

Инчунин бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорони ду вилоят форуми тиҷоратӣ баргузор шуд.

Дар форум доир ба имкониятҳои мавҷуда маълумот пешниҳод гардида, роҳҳои густариши ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 24, 2026 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд