Заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Нуробод ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд
ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои амалӣ барои таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва истифодаи самараноки захираҳои замин дар ноҳияи Нуробод дар майдони собиқ фурудгоҳ, ки 23 гектарро ташкил медиҳад, нахустин маротиба кишти картошка оғоз гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод хабар доданд, иқдоми мазкур ба истифодаи дубораи заминҳои бекорхобида равона гардида, ҳадафи асосии он афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва фароҳам овардани ҷойи нави кор мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми солҳои охир ин қитъаҳои замин бо сабабҳои гуногун бекор монда, аз гардиши кишоварзӣ берун буданд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи мақомоти маҳаллӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва ҷалби деҳқонони таҷрибадор заминҳо ба кишт омода гардида, бо истифода аз техника ва технологияҳои муосири кишоварзӣ дар онҳо кишту кор оғоз ёфтанд.
Раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ ба масъулин дастур дод, ки истифодаи самараноки ҳар қитъа замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ, интихоби тухмии босифат ва таъмини саривақтии обёрӣ зери назорати ҷиддӣ қарор дода шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои ба даст овардани ҳосили фаровон ва рақобатпазир бояд усулҳои муосири парвариши картошка ба роҳ монда шаванд.
Тибқи маълумоти масъулон, дар ҳолати анҷом додани корҳои дурусти агротехникӣ ва нигоҳубини саривақтӣ интизор меравад, ки аз ин майдон ҳосили хуб ба даст оварда шуда, саҳми ноҳия дар таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо картошкаи ватанӣ бештар гардад.
Коршиносони соҳа бар он назаранд, ки ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида яке аз роҳҳои муҳими баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии кишвар буда, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлатӣ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Иқдоми мазкур дар ноҳияи Нуробод намунаи равшани истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда арзёбӣ гардида, дар назар аст дар оянда чунин ташаббусҳо дар дигар қитъаҳои замини бекорхобида низ идома ёбанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






