Кумакҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони зарардидаи шаҳри Кӯлоб расонида шуданд

Май 4, 2026 22:51

ДУШАНБЕ, 04.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб бар асари рух додани офати табиӣ, ки боиси обхезӣ ва омадани сел гардид, як қатор манзилҳои истиқоматӣ ва инфрасохтори ёрирасон зарар диданд. Бо мақсади дастгирии саривақтӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии осебдида, дар доираи сиёсати иҷтимоӣ ва инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои фаврӣ андешида шуда, бо таъсиси комиссия ва ситодҳо рафти бартарафкунии офатҳои табиӣ идома доранд.

Дар доираи тадбирандешиҳо ҳамзамон ба оилаҳои зарардида кумакҳои моддӣ дастрас карда шуданд.

Аз ҷумла ба аҳолии зарардида ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти аввалия 230 тонна орд, 10 тонна шакар, 10 тонна макарон, 6,5 тонна биринҷ ва 6500 литр равғани растанӣ тақсим карда шуд.

Ҳамзамон барои фароҳам овардани шароити муваққатии зист 3 ошхонаи саҳроӣ, даҳҳо кат ва лавозимоти хоб, 350 хайма, 900 қолин, беш аз ҳазор маҷмуи либос ва пойафзоли кӯдакона дастрас гардид.

Илова бар ин, барои барқарорсозии инфрасохтор ва шароити зиндагии аҳолӣ дастгоҳҳои таъминкунандаи об, садҳо метри мукааб тахта ва 60 тонна сӯзишвории дизелӣ расонда шуд.

Ҳамчунин ба оилаҳо асбобу анҷоми рӯзгордорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ барои барқарор намудани манзилҳои истиқоматӣ расонида шуданд.

Лозим ба таъкид аст, ки чунин ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлат нисбат ба аҳолӣ, махсусан дар ҳолатҳои душвор, бозгӯи амалишавии самараноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад. Сокинони аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб ин дастгириҳоро бо хушнудӣ истиқбол намуданд.

Дар бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ сохторҳои дахлдор бо ҳамоҳангии комил фаъолият намуда, тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд. Ин ҳамбастагӣ ва дастгирии ҳамдигар нишонаи сатҳи баланди ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа мебошад.

Дар маҷмуъ расонидани кумакҳои башардӯстона ба аҳолии зарардида аз офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб боз як намунаи равшани сиёсати инсонпарварона ва ғамхоронаи давлат буда, барои барқарорсозии ҳарчи зудтари шароити муътадили зиндагии шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Май 4, 2026 22:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид