20 май — Рӯзи умумиҷаҳонии метрология: дар Тоҷикистон соҳаи метрология рушд меёбад
ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии метрология мебошад. Дар Тоҷикистон ба рушди соҳаи метрология таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, Ҳукумати мамлакат барои такмили низоми стандартизатсия, таъмини дақиқии ченакҳо ва мутобиқ намудани соҳа ба талаботи байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд.
Тавре Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исломиддин Раҳмон таъкид намуд, рушди соҳаи метрология барои пешрафти иқтисоди миллӣ, таъмини сифати маҳсулот ва баланд бардоштани эътимод ба низоми давлатӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ченкуниҳои дақиқ ва боэътимод дар қабули қарорҳои стратегӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ, рушди иқтисодиёт, тандурустӣ, амнияти техникӣ ва ҳифзи муҳити зист нақши калидӣ доранд.
Иброз гардид, ки метрологияи муосири тоҷик имсол 100-солагии худро таҷлил менамояд. Дар давоми як аср соҳа аз озмоишгоҳҳои ибтидоӣ ба сохтори муосири давлатӣ ва узви фаъоли ташкилотҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Таъкид карда шуд, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт» дар самтҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо тақвият ёфта, Тоҷикистон имрӯз аъзои як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла ISO, OIML, EASC ва COOMET мебошад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки солҳои охир заминаи моддию техникии соҳаи метрология дар ҷумҳурӣ таҳким ёфта, озмоишгоҳҳои дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои минтақавӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин гардидаанд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки талаботи бахшҳои иқтисодиёти кишвар дар самти назорати сифати маҳсулот ва таъмини ягонагии ченакҳо қонеъ гардонида шавад.
АКС: Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






