25 МАЙ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ ВА МЕТРОЛОГИЯ. 80 фоизи савдои ҷаҳонӣ аз стандартҳо вобаста аст
ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 25 май дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология муқаррар карда шудааст. Бо ин мақсад ҳамасола дар мамлакат ҳамоишу конфронсҳои гуногун доир карда мешаванд.
Соҳаи стандартизатсия ва метрология яке аз самтҳои муҳими ҳаётӣ буда, 80 фоизи савдои ҷаҳонӣ аз стандартҳо вобаста мебошад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон низ ба ин соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.
Директори Агентии «Тоҷикстандарт» Исломидлдин Раҳмон иброз медорад, ки «дар замони рушди босуръати технология ва ҷаҳонишавӣ нақши стандартизатсия ва метрология дар таъмини амнияти иқтисодии мамлакат, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ аз ҳарвақта бештар гардидааст. Сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат ва рушди содирот дар назди кормандони соҳа вазифаҳои калидӣ ва ниҳоят муҳимро мегузорад».
Агентии «Тоҷикстандарт» мақомоти назоратӣ ва санҷишгари риояи меъёрҳои стандартии молу маводи дар дохил истеҳсолшаванда ва аз хориҷи мамлакат воридшаванда, воситаҳои ченаки ягона ва ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар ҳифзи беҳдошти рӯзгори омма маҳсуб шуда, дар айни замон дар Душанбе ва марказҳои маъмурии вилоятҳои Суғду Хатлон, Хуҷанд ва Бохтар, инчунин дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат- Кӯлоб, Хоруғ, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, Рашт, Шаҳритус, Турсунзода, Данғара, Ваҳдат ва Ҷиргатол марказҳои ташхисии минтақавӣ созмон дода шудаанд.
Рисолати асосии кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» аз он иборат аст, ки талаботи қоидаҳои меъёриро дар мамлакат таҳти назорату санҷиш қарор дода, фаъолиятро дар доираи қонунҳои амалкунанда, талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва стандартҳои давлативу байналмилалӣ ба танзим дароранд.
Инчунин дар агентӣ озмоишгоҳҳои ташхисии бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида фаъолият доранд, ки ба шаҳрвандон барои таъмини бехатарии сифати маҳсулот хизмат менамоянд.
Дар давраи фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт» заминаи моддӣ-техникии он хеле тақвият ёфт. Ин имконият медиҳад, ки талаботи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар соҳаи стандартонӣ, идораи сифат ва таъмини бехатарии маҳсулот, таъминоти метрологии истеҳсолот, корҳои озмоишӣ, сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ, акредитатсияи хадамоти озмоишӣ ва метрологии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ пурра таъмин карда шавад.
Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти «Тоҷикстандарт» дар самтҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ноил гардид. Имрӯз «Тоҷикстандарт» имкон дорад масъалаҳои ба тамоми самтҳои фаъолияти Шурои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия вобастаро мустақилона ҳал намояд.
АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»








СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст






