25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён

Май 7, 2026 09:57

ДУШАНБЕ, 07.05.2026. /АМИТ  «Ховар»/. Дар 25-солагии таъсис ширкати «МегаФон Тоҷикистон» фаъолияти рушди технологиро натиҷагирӣ намуда, самтҳои ояндаро муайян  мекунад. Мо бо директори техникии ширкат  Алиҷон Ғаниев  дар бораи марҳилаҳои муҳими  таҳаввулоти шабака, дурнамои навоварӣ ва ифтихор аз  касби мутахассиси соҳаи алоқа  суҳбат дорем.     

Ҳангоми шарҳу тавсифи  рушди техникии ширкат Шумо кадом марҳилаҳои муҳимро  иброз медоред?       

— Давоми бисту панҷ соли  таърихи мо якчанд наслҳои алоқаи мобилӣ пайдо шуда,   аз байн рафтаанд. Ҳар кадоми  онҳо  як марҳилаи муҳим буданд. Албатта, аввалинаш ба кор андохтани шабакаи GSM ва сохтмони инфрасохтори базавӣ  буд. Дар он вақт алоқаи овозӣ хизматрасонии  асосӣ ва феълан  ягонае буд, ки операторони мобилӣ пешниҳод мекарданд,  ҳеҷ кас тасаввур ҳам карда наметавонист, ки ин соҳа ба чӣ қадар пешравиҳои азим ноил мегардад.     Баъдан, ҷоришавии 3G, бори аввал  оммавӣ  ва дастрас гардидани интернети мобилӣ, рушди бузурги шабакаи 4G, ки таҷрибаи корбаронро ба таври назаррас тағйир додааст, ба амал омад ва смартфон ба ёвари универсалие табдил ёфт, ки ҳамеша бо шумост. Дар баробари ин,  тағйирёбӣ ё ба таври дигар гӯем, “трансформатсия”-и шабакаи таҳвилӣ  бо рушди хатҳои алоқаи нахӣ-нурӣ ба амал омад. Ҳамаи омилҳои мазкур  заминае гузоштанд, ки мо имрӯз дар он истодаем. Аммо рушди инфрасохтор ҳоло ҳам  идома дорад. Аз баъзе ҷиҳатҳо лоиҳаҳои техникии мо ҳатто боз ҳам васеътар  шудаанд.

Чаро чунин аст? Охир  таҳкурсии мустаҳкаме, ки давоми   солҳои зиёд сохта шудааст, аллакай  вуҷуд дорад.    

— Гап ҳам дар сари   навгардонии  таҷҳизот ва ҳам дар кӯшиши  таъмини фарогирии ҳарчи бештари ҳудуди   кишвар меравад.  Аз ин рӯ, сохтмон дар радифи муосиргардонии  таҷҳизоти қаблан насбшуда идома дорад. Дар соли 2026 мо нақша дорем, ки қариб 420 истгоҳи базавии (ИБ)  нави  насли чорумро ба роҳ монем.  Онҳо ҳам дар минтақаҳое, ки интернети баландсуръат ҳанӯз дастрас набуд ва ҳам дар шаҳрҳое, ки шумораи зиёди корбарони фаъол доранд ва бояд сарбории афзояндаи шабакаро кам кунанд, насб карда мешаванд. Аммо ҳамин мушкилотро бо роҳҳои дигар низ ҳал кардан мумкин аст. Масалан, мо мехоҳем тахминан  500 дастгоҳи радио, яъне радиоблокро  дар як сол иваз намоем ва бо ин роҳ  иқтидори шабакаро дар объектҳои  алоқа 2-2,5 маротиба,  бе фаъолкунии истгоҳҳои базавии иловагӣ  афзун гардонем. Мо инчунин  навгардонии  мунтазами басомадро амалӣ менамоем,  имсол қариб 100 ИБ-ро ҷиҳати вусъатдиҳии  таҳвили маълумот аз диапазони  3G ба 4G мегузаронем.  Илова бар ин,  80 истгоҳи базавии  4G/LTE дар диапазони  2100 МҲс ба кор дароварда мешавад, ки фарогирӣ ва сифати интернетро ба таври назаррас беҳтар мекунанд. Барои афзоиши қобилияти гузариш  ва устувории  шабака мо тақрибан 180 км хатҳои алоқаи нахӣ-нуриро бунёд менамоем.  Умуман, ҳадафи мо имсол на танҳо сохтмони  бештар, балки устувортар ва пуриқтидортар кардани шабака ва омода кардани он барои афзоиши пайвастаи истифодаи  интернети мобилӣ мебошад.

Яке аз муҳимтарин лоиҳаҳо дар  25-солагии ширкати мо бакордарории  таҷҳизоти нави коммутатори овозӣ маҳсуб мешавад.   Дар асл сухан дар бораи навгардонии   «қалби» шабака меравад, ки бевосита   ба устувории сервисҳои  овозӣ таъсир мерасонад. Ҳамин тариқ, хизматрасонии  базавӣ,  ки чоряк аср пеш оғоз шуда буд, низ  таҳаввул меёбад.

— Ба андешаи Шумо дар баробари  рушди инфрасохтор нақши телекоммуникатсия дар ҳаёти мамлакат чӣ гуна тағйир ёфт?       

— Ба таври куллӣ! Ва барои фаҳмидани ин  ба шумо зарур нест, ки мутахассис бошед. Танҳо ба  хотир оред, ки кадом  хизматрасониҳо танзимот ва функсияҳо дар телефони шумо на бисту панҷ, балки даҳ сол пеш вуҷуд надоштанд. Ҳоло мо ҳар рӯз аз паёмрасонҳо,  хизматрасониҳои рақамии молиявӣ истифода мебарем, файлҳои кориро мефиристем ва бо истифода аз харитаҳои онлайн суроғаҳои  лозимиро  пайдо мекунем.  Ҳар сол имконияти нав меорад. Ва нуқтаи муҳим оғози технологияҳои 3G ва махсусан 4G/LTE ва пайдоиши дастрасии боэътимоди интернет буд. Телекоммуникатсия ба  сатҳи “рақамӣ” гузашт ва ба қатори пешсафони  рушди иқтисодиёт дар баробари энергетика ва нақлиёт дохил гардид.

Ин  воқеан ба ҳама намоён аст. Вале чӣ барои мутахассисони алоқа  «намоён» ва барои муштариён «ба чашм ноаён» боқӣ мемонад?              

— Бисёр чизҳо. Дар асл,  сохтмон ва муосиргардонии  шабака, ки мо аллакай дар бораи он суҳбат кардем,  мавзуъҳои  паси парда маҳсуб меёбанд.  Ба истифодабарандаи маъмулӣ ҳаминаш ҳам кифоя аст, ки  шумораи  хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ меафзояд ва  ҳамаи онҳо хуб кор мекунанд.  Ӯ аксар вақт мушкилоти супоришҳои  техникиро, ки мо ҳал мекунем, дарк наменамояд. Феълан  ин ҳам дуруст аст. Охир дар тарабхона  возеҳ  шарҳ додани тарзи пухтани таомҳо лозим нест, муҳимаш, ки онҳо  хуштаъму лазиз бошанд.  Ман метавонам дар бораи бисёр лоиҳаҳои техникӣ — масалан, татбиқи технологияҳои IP, виртуализатсияи функсияҳои шабака, имконияти фосилавӣ, автоматикунонии идораи  шабака ва лоиҳаҳо оид ба  таъмини барқ дар  иншооти алоқа соатҳои зиёд ва муфассал суҳбат кунам.   Аммо барои муштариён муҳимтар он аст, ки ҳангоми қатъи нақшавии қувваи барқ алоқаи овозӣ ва ҳамаи дигар  хизматрасониҳои рақамӣ  кор кунанд,  на он ки мо чӣ гуна ба ин ноил мешавем. Гарчанде ки ин низ мавзуи ҷолиб аст. Масалан, мо ба ёд меорем, ки чӣ тавр ширкати «МегаФон Тоҷикистон» муҷаҳҳазгардонии ИБ-ро дар кӯҳҳо бо панелҳои офтобӣ ва генераторҳои шамолӣ  оғоз намуд.  Дар омади гап, ин кор соли 2026 ҳам  идома меёбад,  панелҳои офтобӣ боз дар 50 иншооти  дигари алоқа  мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Масъалаи  таъминоти энергия ҳамеша яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини кори мо буд ва  мемонад. Алоқа   бояд барои муштариён, новобаста аз обу ҳаво ё дигар омилҳо дастрас бошад. Барои ноил шудан ба ин соли 2026 мо 105 дастгоҳи  нави дизелӣ-генераториро  дар истгоҳҳои базавӣ   насб мекунем ва боз муҳаррикҳои тахминан  100 дастгоҳи дизелӣ-генераториро  пурра иваз менамоем.  Ин асосан ба насби таҷҳизоти нав баробар аст, зеро он муҳлати кори генераторҳои дизелиро  ба таври назаррас зиёд карда,  хатари носозиҳоро  коҳиш медиҳад.       Илова бар ин, ивазкунии  450 батареяи аккумуляторӣ дар нақша аст.  Оё шумо  тасаввур карда метавонед, ки муҳандисони мо бояд дар як сол чӣ қадар корҳоро анҷом диҳанд,  хусусан бо назардошти он, ки барои расидан ба баъзе  истгоҳҳои базавӣ бояд  садҳо километр маҳалҳои бероҳро  тай кард? Албатта, мо мехоҳем, ки муштариён дар ин бора маълумот дошта бошанд. Мо инчунин барои кам кардани бекормониҳои таҷҳизот ҳангоми  қатъи оммавии неруи барқ ​​ба ҳамаи пайвастагиҳои муҳими  коммутатсионӣ манбаъҳои боэътимоди неруи барқро ​​​​таъмин менамоем.

Ҳар лоиҳа барои  мутахассисони касбӣ  санҷиш ҳисобида мешавад.  Дар ниҳоят зарур меояд, ки таъминоти барномавии  навро  аз худ кунед ва таҷҳизоте насб намоед, ки аксар вақт бори аввал истифода мебаред. Инчунин бояд назорат баред, ки технологияҳои гуногун бо якдигар  кор мекунанд, ки ин кори осон нест, махсусан вақте ки инфрасохтор пояи  якчанд наслҳои алоқаро  муттаҳид мекунад. Зимнан,  мо на танҳо чизҳои нав меомӯзем, балки  мунтазам  бозорро пайгирӣ менамоем  ва навовариҳоро аввалин шуда,  дар кишвар ҷорӣ мекунем, ба мисли он ки  бо технологияҳои 3G, 4G ва 5G амал кардем. Агар саволҳо ба миён оянд, ду вариант вуҷуд дошт: ё бо ҳамкорони хориҷӣ машварат намоед  ё худатон мушкилотро  ҳал кунед. Дуюмин афзалтар аст, зеро  барои ҳар соҳибкасб аз эҳсоси пешравиву пешсафӣ дида,   ифтихори бузургтаре  вуҷуд надорад.

— Шумо дар бораи алоқаи  5G   гуфтед.  Сегменти аввал чанд сол пеш ба кор дароварда  шуда буд. Сегментҳои  навбатӣ кай фаъол мегарданд?    

— Онҳо аллакай  фаъоланд.   Бале, мо соли 2020   истгоҳи  базавии  насли панҷумро бунёд кардем.   Ин  худ амале буд, ки   пеш аз муҳлати пешбинишуда  анҷом ёфт, чунки ягон хизматрасоние  вуҷуд надошт, ки   воқеан ба суръати интернети мобилии “гигабитӣ” ниёз дошта бошад. Аммо агар технологияи ояндадору умедбахш пайдо шавад, онро бояд аз худ кард ва  ин мавқеи мост, ки  ширкатро сазовори  мақоми пешсафи  технологӣ   дар соҳаи телекоммуникатсия гардонид.    Акнун вазъият бо 5G тағйир ёфтааст. Чунончи, акнун метавон IoT, Интернети ашёро  хеле васеътар истифода бурд ва  бозори тиҷоратӣ барои ин омода аст.     Муштариён-шахсони воқеӣ  аллакай барои бозиҳои муосири онлайн ба   видеои ҷараёнии баландсифат ва интернети босуръати сатҳи ултра ниёз доранд. Аз ин рӯ, густариши фаъоли шабакаи 5G маҳз ҳоло оғоз ёфтааст. Мо дар соли 2025 шаш истгоҳи нави базавии  насли панҷумро ба кор даровардем.  Сохтмон боз ҳам вусъат  мегирад ва   дар ду соли оянда мо нақша дорем, ки 200 истгоҳи базавии  стандарти мазкурро  дар шаҳрҳои бузурги кишвар насб  намоем.  Ҳаминро бояд гуфт, ки сухан на танҳо  дар бораи гузоштани   истгоҳҳои  базавӣ меравад.   Мо, инчунин, сенарияҳои истифодаи 5G-ро таҳлил мекунем, хизматрасониҳоро дар асоси ин технология таҳия менамоем, манбаъҳои  басомадро беҳтар мегардонем ва хуллас  корҳои зиёди “аз назар пинҳон”-ро  анҷом медиҳем. Зимнан, мо аз ҷиҳати технологӣ ва равонӣ барои ба роҳ мондани  5G ҳанӯз аз соли   2020 омодаем.

— Агар мо натиҷаҳои 25 соли фаъолияти ширкатро ҷамъбаст кунем, кадом дастовардҳоро Шумо ба сегонаи беҳтарин дохил мекунед?   

— Муҳимтарин чиз барои ман ин аст, ки аввалан, мо тавонистем чунин инфрасохтори бузург ва боэътимод бунёд кунем, ки қариб ҳама  ноҳияҳои Тоҷикистонро фаро мегирад. Дуюм, мо тавонистем аз як оператори одии телекоммуникатсионӣ ба ширкати рақамӣ табдил ёбем, ки асосан барои бозори телекоммуникатсионӣ меъёру дараҷаҳоро  муқаррар менамояд  ва ба таҳаввули бахши рақамӣ (digital) умуман  дар   кишвар саҳм мегузорад. Ман, аз ҷумла замимаи мобилии  «MeгаФон Life»-и мо, лоиҳаҳои муштарак бо бонкҳо, шабакаҳои фурӯш  ва ташкилоти давлатиро дар назар дорам.  Ва сеюм, мо эътимоди миллионҳо нафарро дар мамлакат ба даст овардаем. Танҳо бо дарки миқёси корҳои «аз назар пинҳон»-и мо,   фаҳмида мешавад, ки барои таъмини эътимоднокӣ ва бехатарии  хизматрасониҳои  мо чӣ қадар корҳо анҷом ёфта истодаанд.

— Дар Рӯзи алоқа лутфан  бигӯед, ки  барои Шумо мутахассиси воқеии алоқа  будан чӣ  маъно дорад?     

— Барои ман ин чунин маъно дорад, ки    масъулияти худро дар назди  онҳое, ки ба алоқаи “МегаФон Тоҷикистон” итминон доранд, дарк намоям.  Бояд  дар хотир дошт, ки  танҳо сазовор шудан  ба  мақоми пешсафи  технологӣ ва пешсафи  рақамикунонӣ кифоя нест ва   мо бояд пайваста исбот кунем, ки чун пештара сазовори ин унвони баланд ҳастем. Ба ин хотир мо  ҳар  рӯз,  бе рӯзҳои ид ва истироҳат пайваста кор бурда,  кӯшиши зиёд  ба харҷ медиҳем.

Май 7, 2026 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад