35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 106,7 фоизи корҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни миллии Тоҷикистон таъмин гардидааст
ДУШАНБЕ, 01.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел зимни баргузории маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрои нақшаи корҳои ободонию созандагиро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳлил намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз 106,7 фоизи корҳои созандагӣ таъмин гардидааст. Ин нишондиҳанда аз саъю талоши созандаи мардуми Тоҷикистон ва фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ шаҳодат медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо вуҷуди дастовардҳо дар баъзе шаҳру ноҳияҳо иҷрои нақша ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Бо назардошти ин, ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони мақомоти марказӣ супориши қатъӣ дода шуд, ки барои бартараф намудани қафомонӣ ва иҷрои пурраи нақшаи корҳои ободонию созандагӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд, ба сифати сохтмон диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд, ҷалби сармояи хусусӣ ва иштироки фаъолонаи аҳолиро дар корҳои созандагӣ боз ҳам тақвият бахшанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд






