35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Элоки Файзобод барои 2400 хонанда мактаби нав сохта мешавад
ФАЙЗОБОД, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод сохтмони бинои асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 идома дорад. Бино дар арафаи таҷлили ин ҷашни миллӣ мавриди истифода қарор мегирад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Иншооти мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикон бунёд карда мешавад.
Масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод иттилоъ доданд, ки бинои муассисаи таълимӣ аз се ошёна иборат буда, барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Биноҳои ин муассисаи таълимӣ бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба зарфияти муосир бо сифати баланд сохта шуда, синфхона ва дигар кабинетҳои фаннӣ бо таҷҳизот ва аёнияти дарсӣ муҷаҳҳаз мегарданд. Бинои мазкур дорои кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, таълими меҳнат, озмоишгоҳҳои фаннӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, китобхона, толори маҷлис, ошхонаи замонавӣ ва синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ва лингафонии мутобиқ ба талабот сохта шуда, барои ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон заминаи мусоид мегузорад.
Дар ин муассисаи таълимӣ толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзишӣ, майдончаҳои варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол сохта шуда, ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонии хонандагон мусоидат мекунанд.
Дар иншооти наву замонавӣ барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудан ба бозиҳои гуногуни шавқовар низ шароити хуб фароҳам оварда, ду синфхонаи Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шудааст. Илова бар ин, муассисаи таълимӣ дар фасли зимистон тавассути буғхонаи алоҳидаи марказонида бо гармӣ ва инчунин бо хати оби нӯшокӣ таъмин карда мешавад.
Директори ин муассисаи таълимӣ Ҳотам Бобиев иброз дошт, ки “муассисаи таълимии кӯҳнае, ки дар айни замон хонандагон дар инҷо дарс мехонанд, солҳои 60-уми қарни гузашта бо истифода аз чӯб бунёд гардидааст. Мутаассифона, бино ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуда, дар он мушкилоти норасоии ҷойи нишаст, набудани кабинетҳои фаннӣ ва фарсуда шудани синфхонаҳо ба назар мерасад”.
Бо дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи деҳаи Элок бинои асосии мактаб бо тарҳи наву замонавӣ ва бо фарогирии ҳама имконияти таҳсил сохта шуда, дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.
Муовини раиси деҳаи Элок Навкар Саидов гуфт, ки “дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони деҳаи Элок тасмим гирифтаанд, ки 7 км роҳи деҳаро мумфарш карда, дар шафати он ҷӯйбори бетонӣ созанд. Аз сабаби он ки роҳи муассисаи таълимии навсохта дар масофаи аз 1300 то 3000 метр дур шуд ва рафтуомади хонандагони синфҳои поёнӣ дар шаш моҳи зимистони минтақа мушкил мегардад, мо тасмим гирифтем, ки барои хонандагон микроавтобус ташкил намоем”.
Ҳамчунин сархатиби ноҳияи Файзобод Муҳаммадносир Абдураҳимзода барои бехатарии хонандагон дар шафати роҳи мошингард бо масофаи 1300 метр роҳи пиёдагард сохта, як километр роҳи мошингардро аз ҳисоби худ мумфарш менамояд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






