35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
ВАРЗОБ, 14.05.2026 /АМИТ«Ховар»/. Сокинону соҳибкорони деҳаи Шодоби Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб бо иродаю эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва муҳайё намудани беҳтарин шароити таҳсил барои фарзандонашон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб барои 1005 хонанда бинои асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро (дар ду баст) бунёд менамоянд.
Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-и ноҳияи Варзоб Лола Сатторова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «бинои асосии муассисаи таълимӣ дар даврони собиқи шуравӣ бунёд шуда буд. Имрӯзҳо бо зиёд гардидани сафи хонандагон мушкилии норасоии ҷойи нишаст ба миён омадааст. Бо саҳми асосии соҳибкорону сокинони деҳаи Шодоб ва дастгирии Раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода барои омӯзгорону хонандагон бинои дуошёнагии замонавӣ, ки дорои 16 синфхона мебошад, бунёд мешавад. Сохтмони бино идома дошта, дар назар аст, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шавад».
Сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Варзоб Зарафшон Нурова иттилоъ дод, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ба хотири рушди соҳаи маорифу таъмини хонандагон бо ҷойи нишаст дар ноҳияи Варзоб то имрӯз биноҳои иловагию асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и деҳаи Панҷхок барои 240 нафар дар як баст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и деҳаи Чинор барои 240 нафар дар як баст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и деҳаи Чашмаи сада барои 400 нафар дар ду баст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и деҳаи Намозгаҳ барои 100 нафар дар як баст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и деҳаи Гулбоғ барои 75 нафар дар як баст ва дар назди 7 муассисаи таълимӣ 7 бинои Маркази инкишофи кӯдак мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар онҳо барои хонандагони ин муассисаҳо беҳтарин шароити таҳсил муҳайё гардидааст.
Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимии деҳаи Дашти Ринҷон барои 240 нафар дар як баст, муассисаи таълимии деҳаи Работ барои 240 нафар дар як баст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и деҳаи Зидеҳ барои 240 нафар дар як баст ва 4 синфхонаи иловагӣ дар гимназия ноҳия барои 100 хонанда дар як баст идома доранд, ки дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд.
Тибқи иттилои мутахассисони бахши сохтмон ва меъмории ноҳияи Варзоб, дар ноҳия сохтмони муассисаҳои таълимии деҳаҳои Даҳана, Кули ҳавоӣ, Чорбоғ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғ ва дар назди 10 муассисаи таълимӣ 10 бинои маркази инкишофи кӯдак ба нақша гирифта шудааст. Инчунин сохтмони кӯдакистони маркази ноҳия барои 120 нафар оғоз мегардад.
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб бунёди 158 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз соҳибкорону сокинон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб 120 иншоотро мавриди истифода қарор додаанд. Маблағи масрафшуда 32 миллиону 809 ҳазору 529 сомониро ташкил дода, аз ин ҳисоб 230 ҷойи кор таъсис ёфтааст. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






