35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор 231 синфхона барои 5544 хонанда дар як баст бунёд карда мешавад
ҲИСОР, 02.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади муҳайё намудани шароити мусоиди таҳсил дар шаҳри Ҳисор бо саҳми аҳолӣ, соҳибкорон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди 19 муассисаи таълимӣ, ки дорои 206 синфхонаи иловагӣ буда, барои 4944 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст, идома дорад. Ҳамчунин дар назди 7 муассисаи таълимии шаҳр 25 синфхонаи иловагӣ бунёд ва дар он барои 600 хонанда дар як баст ҷойи нишаст муҳайё мегардад.
Тавре масъулини шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва сокинону соҳибкорон дар муассисаҳои таълимии шаҳр дар умум 231 синфхона барои 5544 хонанда дар як баст бунёд ва дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад. Боиси ифтихор аст, ки дар доираи ин ҷашни таърихӣ мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимии шаҳр бартараф мегардад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди муассисаҳои томактабӣ дар айни замон сохтмони муассисаҳои томактабӣ дар ҷамоати шаҳраки Ҳисор барои 240 нафар аз ҳисоби лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон», дар деҳаи Лолагии Ҷамоати деҳоти Навобод муассисаи томактабии хусусӣ барои 140 кӯдак ва биноҳои марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ идома дорад. Ҳамаи ин иншоот бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд.
Аз ҳисоби лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» дар назди нуҳ муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор бунёди нуҳ бинои маркази инкишофи кӯдак ба нақша гирифта шуда буд. Аз ин шумора дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз 7 маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд. Дар айни замон 624 нафар дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, солҳои 2025-2026 аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ду муассисаи томактабӣ бо номҳои «Сафия» ва «Нури хат» ба фаъолият оғоз намуданд. Ҳамзамон дар асоси нақшаи генералӣ ояндаи наздик дар маркази шаҳри Ҳисор 5 кӯдакистони хусусӣ ва 4 муассисаи таълимӣ сохта, ба истифода дода мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






