35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Марзкати Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун сохтмони муассисаи томактабӣ идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи томактабӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ амалӣ гардида, барои сохтмони он 800 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Ин иқдоми созанда нишонаи баланди ҳисси масъулиятшиносӣ ва таваҷҷуҳи мардум ба таълиму тарбияи насли наврас арзёбӣ гардид.
Бинои муассиса аз як ошёна иборат буда, дар он 3 гурӯҳ ташкил карда мешавад. Дар ҳар гурӯҳ 25 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта, дар умум барои 75 кӯдаки деҳа ва маҳаллаҳои атроф шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда мешавад.
Бунёди муассисаҳои томактабӣ дар рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва иҷтимоии кӯдакон нақши муҳим дошта, фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи насли оянда вазифаи муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад. Барои насли ояндаи давлат бояд аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода бурда, дар самти бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ саҳми арзанда гузорем.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






