35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд

Май 1, 2026 10:41

ДУШАНБЕ, 01.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд якчанд корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Аз ҷумла, бо мақсади таъмини рушди соҳаи саноат корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ирода-инвест» барои коркарди гандум ва истеҳсоли орд барои макарон бунёд мегардад. Ҳоло дар корхона раванди васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ идома дорад. Таҷҳизоти зарурӣ ба корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, беш аз 70 фоизи корҳои васлу насби он анҷом ёфтаанд.

Дар доираи созандагию бунёдкорӣ чунин корхонаҳо дар самти коркарди гандум ва истеҳсоли орд дар ҷумҳурӣ бори нахуст амалӣ шуда, барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ ва коҳиши воридот заминаи мусоид фароҳам меоранд.  Корхона дар як шабонарӯз то 200 тонна ва дар як сол беш аз 70 ҳазор  тонна гандум коркард мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо оғоз гардидани фаъолияти корхона зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

Инчунин дар вилоят корхонаи истеҳсоли орди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фатир Агро» бунёд мегардад. Иншооти мазкур аз ҷумлаи корхонаҳои нави саноатӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, бо истифода аз технологияҳои муосир сохта мешавад.

Баъди ба истифода додани корхона дар як шабонарӯз то 1000 тонна гандум коркард карда мешавад. Бо фаъол гардидани корхона 500 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин карда мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 1, 2026 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид