35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Темурмалик бунёдкорию созандагӣ вусъати тоза мегирад

Май 17, 2026 15:00

ТЕМУРМАЛИК, 17.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ҷамоати деҳоти «Гурдоварон»-и ноҳияи Темурмалик корҳои ободонию бунёдиро вусъат мебахшанд. Дар ин замина иншооти ба нақшагирифта 80 фоиз бунёд гардида, дар иншооти боқимонда корҳо идома доранд.

Дар маркази ҷамоат ва деҳаи Саймуминобод баъди анҷом додани мумфаршкунии беш аз 4 километр роҳ дар паҳлуи он ҷӯйборҳои обрав ва иншооти обпарто сохтаанд. Инчунин барои рафту омади озодонаи хонандагони муассисаҳо ва сокинон роҳи пиёдагард бунёд карда мешавад.

Тавре корманди Ҷамоати деҳоти  «Гурдоварон»-и ноҳияи Темурмалик Амонулло Хайриддинзода ба мухбири минтақавӣ  иброз намуд, барои иҷрои ин корҳо бо маслиҳати ҳамдигар суратҳисоби махсус кушода, ҷавонону соҳибкорон ва дигар сокинон ба он маблағ мегузаронанд.

Инчунин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик барои боз ҳам беҳтар намудани инфрасохтори ҷамоат ва сатҳи зиндагии сокинон сохтмони иншооти ҳаётан зарурӣ  ба нақша гирифта шудааст.

Дар айни замон дар маркази деҳаи Саймуминобод сохтмони роҳи байни деҳаро бо истифодаи оҳану бетон оғоз намудаанд. Дарозии роҳ 440 метр буда, дар чанд мавзеъ қубурҳои обгузар ва обпартоҳо сохта мешаванд. Ба сохтмони роҳи мазкур ҳамарӯза ҷавонон бо навбат ҷалб мегарданд. Дар ин ҷамоат аз масофаи 18 километр об кашонида, бо насби ҳисобкунакҳо  ҳар оиларо бо оби ошомиданӣ таъмин намудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 17, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд