35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Қубодиён 171 иншоот бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 28.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Қубодиён бунёди 171 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 152 адади он ба истифода дода шудааст ва дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён хабар доданд.
Дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» мудири бахши меъморӣ ва сохтмони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Умедҷон Давлатализода изҳор намуд, ки корҳои ободониву созандагӣ, махсусан дар маҳал имконияти мусоид фароҳам овардаанд, то гӯшаҳои дурдасти ноҳия ободтар шуда, мушкилот бартараф гарданд.
Яке аз мушкилии асосӣ норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Зеро давоми солҳои охир аҳолӣ зиёд шуда, зарурат пеш омадааст, ки дар назди муассисаҳои таълимӣ биноҳо ва синфхонаҳои иловагӣ сохта шаванд. Дар ин самт бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми лоиҳаҳои хориҷӣ, ҷалби соҳибкорони ватанӣ дар ин раванд ва ташаббуси падару модарон ва аҳолӣ корҳои сохтмонӣ вусъат ёфтанд. Дар натиҷа 123 синфхонаи иловагӣ барои 3075 хонанда мешавад. Дар аксари онҳо корҳои сохтмонӣ идома дошта, то рӯзи ҷашн ба анҷом расонида мешаванд.
Барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ 1 беморхонаи рақамӣ, як Маҷмааи тандурустии Тоҷикистону Узбекистон барои 200 кат ва як беморхонаи сироятӣ барои 50 кат сохта, мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар деҳаҳои дурдасти ноҳия бунгоҳҳои тиббӣ низ сохта шудаанд.
Бо мақсади тақвият додани соҳаи саноат ва рушди он дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Қубодиён ба 37 соҳибкори ватанӣ дар 3 гектар барои бунёди корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ қитъаи замин ҷудо карда шуд. Бояд гуфт, ки ин мавзеъ партовгоҳ ва макони ноободу нокорам буд, ки бо қуввату заҳмати соҳибкорон имрӯз обод гардидааст. Дар ин ҷо ҳар соҳибкор дар масоҳати муқарраргардида мувофиқи меъёрҳои меъморӣ бинои дуошёна сохта, дар он фаъолият мекунад. Ҳоло дар ин минтақаи саноатӣ чор соҳибкор пас аз анҷоми сохтмони бино ба фаъолият шуруъ кардаанд. Аз ҷумла, Шамсия Расулова барои фаъолияти минбаъдааш бинои хуштарҳи муосир сохта, имрӯзҳо бо аҳли хонаводааш ба фаъолият пардохтааст. Номбурда ба дӯхтани сару либоси мактабӣ ва дигар навъи хизматрасонӣ машғул мебошад. Ин зани ҳунарманд мақсад дорад, ки даврҳои омӯзишии дӯзандагӣ ташкил намуда, дар ин баробар занону духтарони хонанишинро ба кор ҷалб намояд.
Тавре дар идомаи суҳбат Умедҷон Давлатализода иброз дошт, раванди корҳои ободонӣ вусъати бештар пайдо кардааст, ки ба баланд бардоштани сатҳи рӯзгори мардум таъсири хуб мерасонад. Аз ҷараёни чунин корҳо мардум неруи боз ҳам созанда мегиранд, то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатиро бо меҳнати садоқатмандона ва шаҳомати хосса таҷлил намоянд.
Дар ин давра инчунин 117,9 км роҳҳои ҳудуди ноҳия мумфарш карда шуда, 9 пули хурди мошингузар ва 2 пули ҳаҷман калони мошингузар сохта шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






